Бунёди 4 корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш дар соли 2018

Январ 17
15:17 2019

Соли 2018 бо мақсади рушди истеҳсоли ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сармоягузорони ватанӣ 4 корхонаҳои нави истеҳсолї барои коркарди гиёҳҳои шифобахш ва истеҳсоли маводи доруворї ва молҳои тиббӣ таъсис гардиданд.

Аз ҷумла, 5 ноябри соли 2018 дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли маводи бастубанди тиббӣ, косметологӣ ва истифодаи гигиенаи шахсии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фарм Текс”-ро ифтитоҳ намуда, аз масъулону мутахассисони корхона истеҳсоли маҳсулотҳои тиббии баландсифат ва бандубасти мутобиқ ба стандартҳои байналмилалиро тақозо намуданд.

Дар корхонаи мазкур зиёда аз 70 нафар коргарон дар як баст ба кор ҷалб гардида, иќтидори  корхона коркарди  2 000 кг пахта дар як шабонарўз ва дар як сол зиёда аз 600 тонна мебошад. Дар маҷмўъ маҳсулоти тайёри бастубандкардашуда дар як сол зиёда аз 25 миллион ададро ташкил медиҳад.

Инчунин, дар  мавзеи “Канаск”-и деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш дар назди Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии ёрирасони Канаск” таъсис гардида. 7 номгӯи гиёҳҳои шифобахше, ки аз мавзеи мазкур ҷамъоварӣ гардида буд, ба миқдори 7000 дона коркард ва бастубанд карда шуд.

Ҳамзамон, дар шаҳри Душанбе, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Райҳон фарма” дар якҷоягї бо ширкати Ҷумҳурии Покистон ва дар ноҳияи Рўдакї, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Олим фарма”  сехи истеҳсоли маводҳои доруворӣ дар шакли шарбатро (сироп) ба роҳ мондаанд.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2023
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 194
  • 1,171
  • 723,257