Андешидани чораҳо ҷиҳати пешгирии фавти модару кӯдак

Андешидани чораҳо ҷиҳати пешгирии фавти модару кӯдак
Июл 23
10:09 2020

Давоми 6 моҳи аввали соли 2020 баҳри пешгирии фавти модару кӯдак дар муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои Шаҳристон, Деваштич, Б.Ғафуров, Мастчоҳ, Ашт, Ҷ.Расулов, Спитамен, Бустон, Гулистон, таваллудхонаҳои вилоятии Суғд ва шаҳрии шаҳри Хуҷанд мониторингҳои беруна аз тарафи намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати тандурустии вилоят оид ба эҳёгарии навзодон гузаронида шуд.

Бо мақсади баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ оид ба назорати антинаталӣ, саривақт дарёфт намудани занони ҳомиладори аворизнок  ва пешгирии фавти модару кӯдак дар байни занони ҳомиладорон, аз тарафи Раёсати тандурустии вилоят  марҳилаи аввали чорабинии марказонидашудаи иттилоотию ташхисии “Корвони саломатӣ” таҳти шиори “Солимии модар ва кӯдак дар деҳот” моҳи марти соли равон дар марказҳои саломатии деҳотӣ ва бунгоҳҳои саломатии шаҳру ноҳияҳои вилоят гузаронида шуда, 16761 нафар занони ҳомила аз муоинаи тиббӣ, 5074 нафар ҳомиладорон аз муоинаи мутахассисони соҳавӣ  ва 4439 нафарашон барои  ташхиси пурраи тиббӣ ба беморхонаҳои марказӣ фиристода шудаанд.

Айни замон баҳри иҷрои нақша-чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ташкил намудани катҳои таваллудӣ дар беморхонаву марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббии ҳар як деҳаҳо аз тарафи Раёсати тандурустии вилоят ва роҳбарони муассисаҳои шаҳру ноҳияҳо корбарӣ давом дорад.

То имрӯз дар миқёси шаҳру ноҳияҳои Б.Ғафуров, Гулистон, Панҷакент, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ дар ҷамъ 74 катҳои таваллудӣ дар заминаи марказҳои саломатии деҳотҳои дурдаст ташкил карда шудааст. Минбаъд низ дар шаҳру ноҳияҳои Деваштич, Зафаробод, Шаҳристон ташкили катҳо ба нақша гирифта шудааст.

(Акс аз бойгонӣ)

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 917
  • 1,242
  • 949,937