Ҷаласаи ғайринавбатии вазорат масъалаи коронавирусро баррасӣ намуд

Ҷаласаи ғайринавбатии вазорат масъалаи коронавирусро баррасӣ намуд
Март 06
15:01 2020

Имрӯз, 6 марти соли равон дар  дар Муассисаи давлатии  “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ҷаласаи ғайринавбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Азиз Одиназода, Мирҳамуддин Камолзода, Шодихон Ҷамшед, намояндагони як қатор вазорату идораҳо,  роҳбарони телевизионҳои давлатӣ, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ  ибни Сино, роҳбарони Хадамотҳои соҳавӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, сардорони раёсатҳои тандурустии ВМКБ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.

Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон зимни сухани ифтитоҳӣ иброз намуд, ки ҷаласаи ғайринавбатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, ҳадаф ва мақсади он боз ҳам тақвият бахшидани корҳои омодагӣ ҷиҳати пешгирии интиқоли сирояти коронавирус  ба кишвар ва  дар пайи нашри ҳар гуна  хабару овозаҳои беасос дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки боиси саргардонии мардум гардидааст, ба шаҳрвандони мамлакат дуруст фаҳмонидани вазъи кунунии иқтисодию иҷтимоии кишвар мебошад.

Сараввал оид ба вазъи бемории сироятии коронавирус дар ҷаҳон ва  тадбирҳои андешидашуда вобаста ба интиқоли он ба кишвар  Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуд.

Қайд карда шуд, ки вазъи эпидемиологии сирояти коронавирус тайи ду ҳафтаи охир берун аз марзи Ҷумҳурии Халқии Хитой номуътадил гардида, ҳодисаҳои сирояти коронавирус то имрӯз дар 80 давлати дунё ба қайд гирифта шуда, ҳамзамон, паҳншавии босуръати он дар Кореяи Ҷанубӣ, Италия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Олмон, Франсия ва Япония мушоҳида гардида истодааст.

Тибқи маълумоти расмии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ то имрӯз, 6 марти соли равон дар умум дар тамоми кишварҳои ҷаҳон 98370 ҳодисаҳои сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 3383 нафар фавтидаанд.

Таъкид гардид, ки суръати паҳншавии ҳодисаҳои вируси мазкур таваҷҷӯҳи ҷиддиро тақозо намуда, бо мақсади пешгирии паҳншавии он зарурияти ба роҳ мондани як қатор чорабиниҳои зиддиэпидемикӣ ба миён омадааст.

Бино ба гуфти Мирҳамуддин Камолзода, то имрӯз аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо мақсади пешгирии интиқоли ин  вирус ба ҷумҳурӣ ситоди доимоамалкунанда таъсис дода шуда, дар якҷоягӣ бо дигар вазорату кумитаҳо чорабиниҳои зиддиэпидемикӣ пурзӯр  карда шудааст.

Аз ҷумла то имрӯз хатсайрҳои ҳавоӣ аз шаҳри Душанбе ба шаҳрҳои Урумчи, Машҳад, Кобул қатъ карда шуда, фурӯши чиптаҳои ҳавопаймо ба нафароне, ки аз Ҷумҳурии Халқии Хитой, Кореяи Ҷанубӣ, Япония,  Ҷумҳурии Исломии Эрон  ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  нияти сафар ба Тоҷикистонро доранд, манъ гардидааст.

Ҳамзамон, муоинаи тиббии нафароне, ки дар чорабиниҳои оммавӣ ширкат меварзанд ба роҳ монда шуда, гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ маҳдуд карда шуданд. Дар баробари ин, гузаронидани чорабиниҳои безараргардонӣ дар тамоми муассисаҳо ва макони баргузории чорабиниҳо ба роҳ монда шуда,  бо мақсади баланд бардоштани маърифати санитарию беҳдоштии аҳолӣ тариқи воситаҳои ахбори омма мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ карда шуда истодааст.

Зикр карда шуд, ки то 6 марти соли равон дар муассисаҳои махсусгардонидашудаи тиббии ҷумҳурӣ 1496 нафар шаҳрвандони дохилу хориҷи кишвар, ки аз минтақаҳои номусоид аз сирояти коронавирус баргаштаанд, таҳти назорати карантинӣ қарор дода шуда, аз онҳо 1149 нафар пас аз муоинаҳои зарурӣ ба хона ҷавоб дода шудаанд. Имрӯз бошад, шумораи нафарони таҳти карантин қарордошта ҳамагӣ 347 нафарро ташкил медиҳад.

-То имрӯз дар ҷумҳурӣ ягон ҳодисаи гумонбар ба сирояти коронавирус мушоҳида нагардида, бо мақсади пешгирии интиқоли вирус ба ҷумҳурӣ ва ҷиҳати дар ҳолати омодабош қарор доштан, ба муассисаҳои табобатию профилактикӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ супориш ва дастуру пешниҳодоти зарурӣ дода мешавад,-афзуд Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни баромади худ Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа иброз намуд, ки маҳз дар пайи тадбирҳои андешидаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони ба қайд гирифтани сирояти коронавирус дар Ҷумҳурии Мардумии Чин аз интиқоли он ба кишвар пешгирӣ карда шуд.

Номбурда бо мақсади аз рӯзҳои аввали ба қайд гирифтани сирояти мазкур дар кишвари ҳамсояи Чин пурзӯр намудани корҳои омодагӣ ва профилактикӣ ҷиҳати пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба кишвар  аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат  иҳзори миннатдорӣ баён намуд.

Зикр гардид, ки маҳз дар пайи фаъолияти шабонарӯзии кормандони соҳаи тандурустӣ хушбахтона, то имрӯз сирояти коронавирус дар мамлакат ба қайд гирифта нашудааст. Аммо, новобаста ба ин, барои пешгирии интиқоли вируси мазкур кишвар бояд кормандони соҳаи тандурустӣ шабонарӯзӣ фаъолият намуда, ҳамзамон, моҳияти масъалаи мазкурро ба мардум дуруст  ва бо забони соддаи оммафаҳм бирасонанд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода аз ҳодисаи ду рӯзи ахир дар пойтахт ва дигар манотиқи кишвар, ки миёни мардум ба вуҷуд омад, ёдовар шуда, зикр намуд, ки бархе афрод ва гурӯҳҳои алоҳида бо пахши ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ мехоҳанд фазои сулҳу  оромии кишварро халалдор созанд.

Бо назардошти он, ки табибон бо мардум сару кор доранд, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода аз кулли кормандони соҳаи тандурустӣ  даъват ба амал овард то онҳо  ба шаҳрвандони минтақаҳои хеш бифаҳмонанд, ки вазъи иқтисодии кишвар имрӯз имкон дорад, ки аҳолӣ ба тамоми маҳсулоти озуқаворӣ таъмин бошад ва дар масъалаи таъминот бо озуқаворӣ  дар ҷумҳурӣ ягон мушкилоте вуҷуд надорад.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳамзамон дар идомаи суханронии хеш аз дастовард ва муваффақиятҳои соҳаи тандурустии мамлакат дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ёдовар шуда, зикр намуд, ки дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустии мамлакат бамаротиб рушд намуда истодааст.

Дар анҷоми ҷаласа вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода ҷиҳати пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба кишвар, дар ҳолати омодабош  қарор доштани муассисаҳои тандурустӣ ва бо лавозимоту таҷҳизоти муосир таъмин будани онҳо ба  масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 723
  • 989
  • 888,077