АКСИЯИ «НИҚОБ». Он давоми ду ҳафта дар маркази ноҳияи Ёвон доир гардид

АКСИЯИ «НИҚОБ». Он давоми ду ҳафта дар маркази ноҳияи Ёвон доир гардид
Июл 27
07:19 2020

Давоми ду ҳафтаи охир бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва иштироки кормандони Шуъбаи корҳои дохилӣ, гурӯҳи «Авангард», КИ ҲХДТ, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва волонтёрони  ноҳияи Ёвон дар бозорҳо ва кӯчаҳои шаҳраки ноҳия  бо мақсади пешгирии паҳншавии сирояти нави COVID-19 аксияи муштараки «Ниқоб» доир карда шуд. Дар инболра хабарнигори минтапқавии АМИТ «Ховар» Субҳонидин МАҲМУД иттилоъ медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни баргузории аксияҳо қариб 4000 дона ниқоб ва зиёда аз 1200 нусха варақаҳои иттилоотӣ ба сокинону меҳмонони ноҳия дастрас гардонида, оид ба риояи реҷаи ниқоб ва талаботи гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.

Тибқи иттилои мутахассисони шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Ёвон,  дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 87 бригадаи мутахассисони соҳаи тандурустӣ ҳамарӯза миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуда, гирифторони  ин бемориҳоро ба муоинаву табобат фаро мегиранд.

Баргузории аксияҳо ва корҳои профилактикӣ бо мақсади пешгирии паҳншавии сирояти нави COVID-19 дар ноҳия мунтазам идома дода мешаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 973
  • 1,242
  • 949,993