Суғд: Боздиди муовинони вазир аз муассисаҳои тандурустӣ

Суғд: Боздиди муовинони вазир аз муассисаҳои тандурустӣ
Июл 27
09:12 2020

Бо мақсади шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва бартараф намудани камбудиҳову мушкилоти мавҷуда муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳсин Ғафурзода ва Самариддин Ализода аз як қатор муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд дидан намуданд.

Аз ҷумла муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  мамлакат Ғафур Муҳсинзода аз Беморхонаи марказӣ ва Маркази назоратии давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Зафаробод ва муовини вазир Самариддин Ализода аз як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд боздид ба амал оварда, бо фаъолияти онҳо шинос шуданд.

Аснои боздид аз муассисаҳои тандурустӣ муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо масъулин баланд бардоштани хизматрасонии тиббӣ, муолиҷа ва назорати беморон ва дигар масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки ҳадаф аз сафарҳои масъулони вазорат аз наздик ошно шудан бо фаъолияти табибон ва ҷараёни табобати беморони гирифтори сирояти коронавирус дар муассисаҳои тандурустӣ, саривақт фаро гирифтани онҳо ба табобати хонагӣ, таъмини беморон бо доруворӣ ва бемористонҳо бо таҷҳизоти тиббӣ, таъмини табибон бо либосҳои муҳофизатӣ, ошкор намудани камбудиҳои муассисаҳо, мушкилоти табибон ва саривақт ба онҳо расидагӣ кардан мебошанд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 727
  • 1,242
  • 949,747