Дар асари тасодуми нақлиётие, ки банда дар натиҷаи он ҷароҳат бардошта, бистарӣ шудам (феврали соли 2020), гоҳе шабҳо аз хадамоти «Ёрии таъҷилӣ» баҳравар мегаштам. Дар байни ходимони тиббӣ, ки дар ин бахши маҷмааи тандурустии «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе фаъоланд, Нигора Нарзуллоева бо муоширати хуб ва донишу малакаи тиббӣ фарқ мекард.
Ин бонуи ҷавон дилшинос буда, шурўъ аз шабу рўзҳои зуҳури коронавирус дар Тоҷикистон то ҳол муборизаи пайваста мебарад, то ҷони ҳамватанон дар амон бошад. ҳар қадар бо либосу ниқоби махсус фаъолияташро идома медод, вале боз ҳам гирифтори ин вирсуси хатарзо гардид.
– Мутаассифона, вируси COVID – 19 ба хонаи мо ҳам роҳ ёфт. Модари меҳрубону ғамхорам, ки ҳамагӣ 57 сол доштанд, дар рўи дастонам ҷон бохтанд, – бо ашки шашқатор изҳор медорад Нигора.
Ин мусибати вазнин Нигораи қавииродаро рўҳафтода накард. Ў мисли бештари одамон доду вовайло накард, бо баҳонаи азодорӣ кунҷи узлатро ихтиёр нанамуд ва боз ба кор баромад. Ин амали табиби соҳибдил аксари кормандони тибро дар ҳайрат гузошт. Ҳамкоронаш ҳаргиз чашм надоштанд, ки Нигора баъди марги модар ба зудӣ сари кор мешавад.
Сабаби чунин азму иродаро қаҳрамони мо чунин шарҳ дод: «Қасди аҷалро зи амал бояд гирифт. Агар ин вирус ҷони модари маро гирифта бошад, ман бояд нагузорам, ки ҷони модарону падарони дигаронро рабояд. Агар модар зинда мебуданд, боз ҳам ҳамин амалкарди маро мехостанд».
Як вижагии табобатии Нигорабону забони ширину лутфи нотакрори ўст. Ҳамеша баъди гузарондани сўзандору ё ягон табобати дигар мегўяд: «Зиқ нашавед, ин бемории шумо хатарнок нест, эҳтиёткорӣ, хўрдани доруҳо дар вақти таъйиншуда ва парҳез кофист, ки зуд шифо ёбед. Фаромўш накунед, ки табиби аввалину охирини шумо, боз ҳам шумоед».
Бо ин нома мехоҳам ба табибону ҳамшираҳои маҷмааи тандурустии «Истиқлол», махсусан масъулони бахши «Ёрии таъҷилӣ», изҳори сипос намоям. Имрўзҳо ягона роҳи ёрии мо ба табибон риоя кардани қоидаҳои бехатарӣ ва гўш андохтан ба гуфтаву маслиҳатҳои муфиди онҳост.
Абдурашид САМАДОВ,
устоди ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода, собиқадори меҳнат