Табрикоти вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бахшида ба Рӯзи касбии кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Табрикоти вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бахшида ба Рӯзи касбии кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Январ 25
08:16 2024

Муҳтарам кормандони низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,

Ҳамкасбони гиромиқадр!

Бо камоли фараҳмандӣ Шуморо бахшида ба Рўзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» ҳамасола дар ҷумҳурӣ 25 январ қайд карда мешавад, табрик гуфта, бароятон пеш аз ҳама тани сиҳату умри бобаракат ва дар корҳоятон муваффақиятҳо орзумандам.

Қайд намудан ба маврид аст, ки масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ба хусус дастгирии иҷтимоии гурўҳҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла шахсони маъюбиятдошта, кўдакони ятиму бесаробонмонда, собиқадорони ҷангу меҳнат ва оилаҳои камбизоат, инчунин дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ дар мадди назари Сарвари давлат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, Ҷаноби Олӣ дар суханрониҳояшон, баромаду маърўзаҳо дар ин мавзўъ махсусан таъкид менамоянд, ки ин гурўҳҳои шаҳрвандон таҳти ғамхории доимии давлату Ҳукумат қарор доранд.

Тавре дар Паёми навбатиашон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 бори дигар изҳор намуданд: “Бо фароҳам омадани имконият хусусияти иҷтимоии буҷети давлатӣ тақвият дода шуда, хароҷот барои илму маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,6 миллиард сомонии соли 2017 ба 18,5 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расонида шуд, яъне 1,9 баробар зиёд гардид. Дар ҳафт соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 21,9 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо дар соли 2023-юм 4 миллиард сомонӣ равона карда шуд. Дар ин давра танҳо ҷиҳати пардохти кумаки унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат ва кӯдакони маъюб, инчунин, ҷубронпулии яквақта ба шаҳрвандони аз фалокатҳо зарардида 2 милларду 70 миллион сомонӣ равона карда шудааст.

Ҳукумати мамлакат барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар оянда низ тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад”.

Ҳамзамон, Сарвари давлат таъкид намуданд, ки соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмин намудани солимии аҳолӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ҳамаи чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд. Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар соли 2023 қабул гардидани “Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2040” ва “Барномаи маҷмӯии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030” ба ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҷойдошта мусоидат менамояд.

Дар баробари ин, ҷиҳати идома додани ғамхории давлату Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Президенти Љумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалї Раҳмон супориш доданд, ки:

– аз 1-уми июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия, яъне зиёд карда шаванд.

– аз 1-уми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 40 фоиз зиёд карда шаванд.

Ҳамзамон бо ин, аз 1-уми июли соли 2024 ҳадди ақали музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шудааст.

Дар натиҷаи чорабиниҳои саривақтию босамари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пайваста беҳтар гардида, доираи хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба ниёзмандон васеъ гардида, теъдоди шаҳрвандони ба ин хизматрасониҳо фарогирифташуда ба маротиб афзуда истодааст, ки ин далели фаъолияти пурсамари кормандони низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва меҳнати софдилонаи кормандони соҳавӣ ба шумор рафта, ҳамзамон боиси эътимоди рўзафзуни ниёзмандон ба хизматрасонии иҷтимоии давлатӣ гардидааст.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар пешрафти соҳа ва амалӣ гардидани мақсаду мароми вазорат саҳми шарикон оид ба рушд, созмонҳои байналхалқию ташкилотҳои ҷамъиятии ватанӣ низ хеле муҳим арзёбӣ мегардад.

Чӣ дар заминаи таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва чӣ дар самти анҷом додани корҳои амалии соҳавӣ, ба монанди расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, ташкили хизматҳои гуногуни иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон ташкилоту муассисаҳо ва кормандони иҷтимоӣ ба натиҷаҳои хуб ноил гардидаанд.

Минбаъд низ, мо дастуру супоришҳои Роҳбари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба ҳифзи саломатӣ ва таъминоти иҷтимоии онҳо беш аз пеш камари ҳиммат баста, тадбирҳои заруриро анҷом хоҳем дод.

Ман боварии комил дорам, ки кормандони соҳа баҳри иҷрои вазифаҳои дар пеш истодаи худ, иҷрои саривақтии қонунгузории соҳавӣ ва ташкили хизматрасонии иҷтимоӣ бо масъулияти баланд кору фаъолият намуда, баҳри бо сарбаландӣ ва дастовардҳои беназир пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти ватани азизамон ҳама якҷоя кушиш ба харҷ медиҳем.

Бори дигар Иди касбии кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муборак бошад!

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 981
  • 989
  • 887,346