Дар машварати онлайнӣ ҳамарӯза вазъи бемории COVID-19 дар мамлакат таҳлил карда мешавад

Дар машварати онлайнӣ ҳамарӯза вазъи бемории COVID-19 дар мамлакат таҳлил  карда мешавад
Август 10
10:09 2020

Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳлили вазъи бемории  COVID-19 дар мамлакат ва андешидани чораҳои қатъӣ бо мақсади пешгирӣ ва табобати бемории мазкур ҳамрӯза бо иштироки роҳбарияти вазорат, сардорони раёсатҳои тандурустӣ ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои мамлакат машварати онлайнӣ баргузор мегардад.

Бо ин мақсад субҳи имрӯз, 10 августи соли равон бо иштироки Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир  Ғафур Муҳсинзода, Самариддини Ализода машварати онлайнӣ баргузор гардид, ки дар он сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳо ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок намуданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода таваҷҷуҳи масъулинро  ба масъалаҳои андешидани чораҳои иловагӣ ҷиҳати пешгирӣ аз мавҷи дуюми бемории коронавируси нави COVID-19, пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои пешгирии бемории мазкур, назорати беморони амбулаторӣ, таъмини беморон бо маводҳои доруворӣ ва дигар масъалаҳо ҷалб намуд.

Дар фарҷом аз ҷониби Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ва андешидани чораҳои иловагӣ ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории  COVID-19 ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 1,152
  • 1,242
  • 950,172