Поси хотир

Поси хотир
Август 11
16:43 2020

11 августи соли равон Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи байналхалқии мактабҳои олӣ, узви пайвастаи АИТ, доктори илмҳои тиб, профессор Каримхон Муродович  Қурбонов дар синни 62 солагӣ олами фониро падруд гуфт.

Роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба наздикону пайвандони марҳум  изҳори тасаллият баён менамояд.

Қурбонов Каримхон Муродович бо таҷтибаи кории 35 солаи  пурбаракат ва таккондиҳандаи   рушду нумӯи соҳаи тандурустӣ ва ривоҷу равнақдиҳандаи  илми тибби муосири тоҷик  дар ҳоле моро тарк гуфт, ки  таи рӯзҳои охир бар асари беморӣ дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” бистарӣ буд.

Каримхон Қурбонов  санаи 02.04.1958 дар ноҳияи    Темурмалик ба дунё омада, баъди хатми факултаи муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1982) фаъолияташро ҳамчун ҷарроҳи Беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб оғоз намудааст. Солҳои 1987-89 ординатори Донишкадаи такмили ихтисоси табибони Украина, солҳои 1989-92 табиби ҷарроҳи ноҳияи Дзержинскийи шаҳри Харков буд. Фаъолияти тӯлониашро дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз ассистентии кафедраи ҷарроҳии умумии № 1 сар карда, баъдан ба ҳайси дотсент (1998-99), профессори кафедраи ҷарроҳии умумии №1(1999), декани факултети тиббӣ (2001-03) фаъолият кардааст. Солҳои 2003-05 вазифаи пуршарафи ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Синоро ба ӯҳда дошт. Солҳои 2005-2017 мудир ва аз соли 2017 профессори кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №1 буд. Муаллифи 700 кори илмӣ, аз ҷумла 20 монография, 60 ихтироъ, 150 пешниҳоди навоварона маҳсуб меёбад. Профессор К.М.Қурбонов оид ба омӯзишу табобати захми рӯдаи дувоздаҳангушта, роҳҳои талхагузар, ғадуди зери меъда ва ғ. таҳқиқотҳои муҳим анҷом додааст. Зери роҳбарии устод 7 нафар рисолаҳои докторӣ ва 47 нафар рисолаҳои номзадии хешро ҳимоя намудаанд.

Хизматҳои бисёрсолаи К.М.Қурбонов бо дипломи Академияи байналмилалии «Бахти тиллоӣ», медали георгии (Шаън, Шараф, Меҳнат) (дараҷаи 4, Украина), медали тиллоии ба номи В.И.Блинникови Ҷамъияти авруосиёии навоварон қадрдонӣ гаштааст.

Тӯли солҳо профессор К.М.Қурбонов ҳамчун донишманди варзидаи тиб дар  тарбияи якчанд насли мутахассисони ҷавони соҳаи тандурустӣ саҳми босазо гузоштааст. Масъулиятшиносию кордонӣ, серталабӣ нисбат ба худу шогирдон, иҷрои саривақтии супоришҳои ба зиммааш буда К.М.Қурбоновро на танҳо дар байни аҳли устодону шогирдони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, балки берун аз он ҳам сазовори обрӯ ва иззату эҳтироми баланд гардонида буданд.

Хотираи неку гиромии Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи байналхалқии мактабҳои олӣ, узви пайвастаи АИТ, доктори илмҳои тиб, олими закӣ, ҷарроҳи чирадаст Каримхон Қурбонов дар дилу дидаи  шогирдону ҳамкасбон ва наздикону пайвандони марҳум то абад боқӣ хоҳад монд.

Роҳбарияти Вазорати тандурустӣ

ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 1,121
  • 1,242
  • 950,141