Солимии миллат –ободии кишвар

Солимии миллат –ободии кишвар
Август 12
09:56 2020

Садаи ХХ1, садаи пуравҷи рушду инкишофи техникаю технология қариб дар тамоми соҳаҳои ҳаёт нақши худро гузошт, онро тағйиру тасҳеҳ намуд. Соҳаи тандурустӣ низ аз ин раванд истисно нест. Бигирем мафҳуми шеваи солими зиндагӣ ё ба ифодаи маъмул – тарзи ҳаёти солимро. Пештар таҳти ин мафҳум асосан истеъмоли ғизои дурусту солим, фаъолу серҳаракат будан, ба варзиш машғул шудан, аз одатҳои бад даст кашидан фаҳмида мешуд ва ташвиқ мегардид, баъдтар маънию мафҳуми он фарохтар шуд. Аслан гирем, ин гуфтаҳо кӯҳна нашудаанд ва нахоҳанд шуд, ғизои солим хӯрдан, риёзати бадан кардан, аз одатҳои бад дар канор будан ҳеч гоҳ ва ҳеч вақт аҳамияти худро гум нахоҳанд кард. Аммо ин ҷо саволе ба миён меояд, ки ин мафҳум, яъне шеваи зиндагии солим ба мардум, бахусус ба сокинони ноҳияҳои деҳоти кишвар то куҷо фаҳмост, онро амалан бакор мебаранд ё не? Ё бигирем, дар расонаҳо тез-тез мехонем, ки мувофиқи омӯзишу тадқиқоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ сиҳатии аҳолӣ танҳо 10 дар сад аз тиб вобаста мебошад, 20 дар сади он марбут ба муҳити зист, 20 дар сади дигар пайванд бо ирсият мегирад, 50 дар сади дигар ба азму талоши худи инсон вобаста аст. Ин рақамҳо гоҳо каму беш тағйир меёбанд, аммо ин чандон муҳим нест, гузашта аз ин аксари кулли мардум ба ин рақамҳо коре ҳам надоранд ва ба ин вазифадор ҳам нестанд. Вале ба Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солими Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бевосита ба ташвиқу тарғиби ҳаёти солим дар баёни аҳолӣ масъул мебошад, муҳим аст бидонад, ки аҳолӣ, хусусан он қисмати аҳолӣ, ки дар ноҳияҳои деҳоти кишвар сукунат доранд, то кадом андоза хешро масъули сиҳатии хеш медонанд? Чанд омўзише, ки Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим тайи солҳои гуногун дар ҳамкорӣ бо шарикон дар баъзе минтақаҳои кишвар анҷом дод, собит намуданд, ки аҳолӣ асосан табибонро масъули саломатии хеш медонанд. Аммо пешрафти ҳаёт, вақт тақозо мекунад, кироҳу воситаву василаҳоеро бояд ёфт ва ба кор бурд,ки ҳар як нафархудаш масъули саломатии хеш буданашро дарк кунад ва дар ин роҳ саъю кушиш намояд. Ба таъбири дигар, имрӯз методологияи кор, равиш ва муносибат оид ба баланд бардоштани маърифти тиббии мардум, масъулияти аҳолӣ нисбати саломатии хешбояд тағйир хӯрад.Ҳоло дар байни мардум бо лексияҳо баромад намудан, оид ба ин ё он беморӣ буклету варақаҳо паҳн кардан кам аст, ҳарчанд ки аҳамияти ин тадбиру чорабиниҳоро касе инкор намекунад. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаби замонро ба назар гирифта,моҳи марти соли 2017 “Дастур оид ба шарикӣ бо ҷомеа дар масъалаҳои саломатӣ”–ро тасвибнамуд. Дастури мазкур бо дастгирии бевоситаи Лоиҳаи Сино таҳия ва нашр шуд. Ин дастур дар бобати баланд бардоштани масъулияти аҳолӣ нисбати саломатии хеш иқдоми аввалин мебошад.“Дастур оид ба шарикӣ бо ҷомеа дар масъалаҳои саломатӣ” баъди «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», ки моҳи октябри соли 2010 қабул шуда буд ва муддати 10 сол чун дастури асосии кори Марказ ба ҳисоб мерафт, минбаъд ҳамчун роҳнамои кори Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солими Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ истифода хоҳад шуд. Дастури мазкур низом, муносибат ва усули ягонаи фаъолиятро дар сатҳи ҷомеа доир ба масълаҳои саломатӣ дар асоси принсипҳои шарикӣ ба танзим медарорад. Ҷалб ва иштироки фаъолони ҷомеа дар масъалаҳои саломатӣ ҳадафи асосии дастур мебошад ва ин мақсаду маром аз банду бастҳои “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2020”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз августи соли 2010 тасдиқ шудааст ва аз Низомномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Ҷалби ҳарчи бештари ҷомеаҳо, иштироки фаъолонаи онҳо дар баррасӣ ва ҳалли мушкилоти саломатӣ дар Эъломияи Оттаваи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ низ пурра ифода ёфтааст.

Дар ҳамоҳангсозӣ ва амалӣ намудани “Дастур оид ба шарикӣ бо ҷомеа дар масъалаҳои саломатӣ” Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим нақши калиди ва пешсафиро иҷро менамояд. Марказ дар ҳамкорӣ ва мутобиқат бо шарикони байналмилалӣ ва дохилӣ аз манбаъҳои мавҷуда истифода карда, дастури мазкурро давра ба давра дар тамоми ноҳияҳои ҷумҳурӣ амалӣ хоҳад кард.“Дастур оид ба шарикӣбо ҷомеа дар масъалаҳои саломатӣ” санади асосии кор аст, барои пурра ва комилан амалӣ намудани онлозим омад, ки боз чанд дастури дигар таҳия гардид.То кунун “Дастури таълимию методӣ оид ба татбиқи усули “Муҳокима ва амали якҷоя” дар масъалаҳои саломатӣ”, “Роҳнамои мухтасар барои дастаҳои ҷомеавии саломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дастурамал барои кормандони муассисаҳои КАТС, марказҳои ташаккулии тарзи ҳаёти солим ва гурўҳҳои мониторингии доимоамалкунанда оид ба татбиқи дастури “Шарикӣ бо ҷомеа дар масъалаҳои саломатӣ”, “Дастурамал барои фасилататорҳои (кормандони) марказҳои саломатии деҳот оид ба амалисозии дастури шарикӣ бо ҷомеа дар масъалаҳои саломатӣ” таҳия ва нашр шуданд. Ҳамаи ин аснод аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ тасдиқ шудааст ва дастраси марказҳои тарзи ҳаёти солими вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо гардонида шудаанд.

Усули кор мутобиқи ин дастур чунин аст, ки интихоби мавзӯи суҳбат ва бештар ба табобати кадом бемориҳо ниёз доштан аз тарафи худи ҷомеа муайян ва пешниҳод мегардад. Ин гуфта ба он маънист, ки мушкилоти ин ё он деҳа ва маҳалро, аз ҷумла бемориҳое, ки дар он ҷо, дар байни аҳолӣ зиёдтар паҳн шудаанд, аз сокинони ҳамон деҳаву маҳал дида касе хубтару беҳтар намедонанд. Аз ин рў, дар бораи кадом бемориҳо ва роҳҳои пешгириии онҳо маълумот гирифтанро худи сокинон, дақиқтараш дастаҳои саломатии ин ё он деҳа ва маҳал, ки мо онҳоро дастаҳои ҷомеавии саломатӣномидем, пешниҳод мекунанд. Дастаҳои саломатии ҷомеа кистанд ва чӣ вазифа доранд? Дастаҳои саломатӣ ташкилоти ғайрирасмӣ, мустақил ва ихтиёрианд, ки аз байни аҳолӣ интихоб шудаанд, онҳо одамони фаъолу кордонанд, нисбати мушкилоти маҳали хеш бетараф нестанд, аз ҷумла аз саломатии сокинони деҳу маҳали хеш дар ташвишанд ва барои тандурустии онҳо кушишу амал менамоянд. Ба ин маънӣ дастаҳои саломатӣ шарики боэътимоди кормандони соҳаи тандурустӣ дар маҳалҳо мебошанд. Омўзишу тадқиқотҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки пайдоиш ва инкишофи бисёр бемориҳо аз маърифти пасти тиббию санитарии худи инсон, надонистани одитарин қоидаҳои тарзи ҳаёти солим сарчашма мегирад, баръакс, он ҷо ки сатҳи маърифату маданият, аз ҷумла маърифати тиббӣ,ҳарчанд шумораи начандон зиёди аҳолиро фаро гирифта бошад ҳам, бемориҳо камтар ба назар мерасанд.

Ҳамин нуктаро низ бояд ёдрас намуд, ки усули мазкур, яъне ҳамкории фаъолони деҳаву маҳалҳо дар баланд бардоштани тандурустии аҳолӣпадидаи нав нест ва ихтирои мо ҳам нест. Ин усули кор дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон аз таҷрибаи ҳаёт гузаштааст, солҳои зиёд дар чандин ноҳияҳои Тоҷикистон аз тарафи шарикони рушд самаранок истифода гардидва бевосита дар маҳалҳо санҷида шуд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ин таҷрибаро омўхт, санҷид, аз ин рўлозим донист, ки ин усул бояд дар миқёси тамоми ҷумҳурӣ амалӣ гардад. Албатта, ин тадбири миқёсан васеъро бе дастгирии шарикон ва ҳамкории сохторҳои тандурустӣ, бахусус муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣдар сатҳи баланд анҷом додан корест мушкил. Таҷрибаи тақрибан се соли гузашта нишон медиҳад, ки дар мавриди дуруст амалӣ намудани дастур он самараи нек ба бор меорад, пайванди бахшҳои соҳаи тандурустиро ба аҳолӣ мустаҳкаму устувор менамояд, бовару эътимоди аҳолиро ба соҳаи тандурустӣбаланд мебардорад. Бо боварӣ метавон гуфт, ки агар нишондодҳои ин дастур дуруст амалӣ шаванд, кормандони тиб дар маҳалҳо бо камоли масъулият аз он истифода кунанд, дар он маврид ин дастур дар роҳи баланд бардоштани савияи дониши тиббии мардум, бахусус сокинони деҳот, сари вақт ошкор намудани бемориҳо ва ба табобат фаро гирифтани аҳолӣ бисёр пурманфиат, зиёда муҳим ва ниҳоят боровар хоҳад шуд. Чаро сиҳатии аҳолии ноҳияҳои деҳоти кишвар ва умуман сокинони деҳот ба такрор таъкид шудааст? Бояд дар назар дошт, ки беш аз 75 дар сади аҳолии кишвар дар деҳот зиндагӣ мекунад, илова бар ин, аҳолии деҳот асосан ба корҳои кишоварзӣ машғул буда, нисбат ба сокинони шаҳрҳо ба маърифати тиббӣ бештар ниёз дорад.

Нишондодҳои ин дастур дар миқёси ҷумҳурӣ на якбора, балки марҳила ба марҳила амалӣ хоҳанд шуд. Дар ин бора мо дар мақолаи оянда муфассал сухан хоҳем ронд. Умед аст, ки пурра амалӣ шудани дастури мазкур, фаҳмонидани мақсаду моҳияти он ба ҷомеаҳо ва дарки дурусти он яке аз дастовардҳои азим дар масъалаи сиҳатии аҳолии кишвар хоҳад шуд.

Солимии миллат – аз рукнҳои бисёр пуриқтидори рушду инкишофи давлат аст, давлат аз миллати солим қомат меафрозад, пеш меравад. Аз ин рў, пурра ва комилан амалӣ намудани нишондодҳои дастури мазкур на танҳо аҳамияти тиббӣ доранд, балки аҳамияти бисёр калони иҷтимоию иқтисодӣ низ доранд. Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим ҳамчун як зерсохтори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣмаънию мафҳуми ин гуфтаҳо, манфиати баланд бардоштани маърифати тиббиро дар пойдориву бақои миллат ва давлат бо камоли масъулият дарк мекунад ва рисолати худ медонад, ки сиёсати Ҳукумати ҷумҳуриро дар ин самт амалӣ намояд. Ин рисолати Марказ аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Президенти муҳтарами мамлакат ҳамеша дар ҳама паёму баромадҳояшон ба сиҳатии аҳолии кишвари таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд, ба такрор таъкид менамоянд, ки саломатии миллат ин сарвати бебаҳост, ҳар қадар миллат солиму тандуруст бошад, кишвар ҳамон қадар ободу сарсабзу шукуфон мегардад.

Парвина Мухторова

Директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии

ташаккули тарзи ҳаёти солим”-и

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 1,114
  • 1,242
  • 950,134