Ҷаласаи корӣ доир ба таҳлили вазъи бемории сил дар кишвар

Ҷаласаи корӣ доир ба таҳлили вазъи бемории сил дар кишвар
Ноябр 04
13:54 2023

Имрӯз, 4-ноябри соли равон дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, таҳти роҳбарии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода оид вазъи бемории сил ва беҳтар намудани он дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар кори  ҷаласаи имрӯза роҳбарони муассисаҳои шабакаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, марказҳои ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил ва назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ даъват гардидаанд.

Дар идома Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷамолиддин Абдуллозода оиди лоиҳаҳои Хазинаи глобалӣ барои мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа суханронӣ намуданд.

Дар охир ҷамъомадагонро бахшида ба яке аз санаҳои муҳиму фархунда барои миллати тоҷик-Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода,  ҳозиринро шодбош гуфтанд.

Иброз гардид, ки воқеан ҳам Рӯзи қабули Конститутсия яке аз санаҳои басо муҳим ба шумор меравад. Чун ин ҳуҷҷати муҳими тақдирсоз дар Тоҷикистон замоне қабул гардид, ки барои барқарор намудани сулҳу оромӣ, ваҳдати комил, ҳифзи якпорчагии марзу буми мамлакат ва муайян намудани заминаҳои ҳуқуқии рушди тамоми соҳаҳои кишвар зарурати қабули Конститутсия пеш омад.

Тавре Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд: “Қабули Конститутсия имконият дод, ки дар мамлакат сулҳу субот барқарор шуда, ҳаёти ҷомеа ба маҷрои осоишта равона карда шавад, қонунияту тартибот барқарору ҳукмрон гардад ва дар ин замина барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт шароити мусоид ба вуҷуд оварда шавад”.

Ҷамолиддин Абдуллозода, ҳозиринро бори дигар ба муносибати Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош намуда, аҳли ҷаласаро  ба  анҷом додани меҳнати софдилона баҳри ободии кишвари маҳбубамон дар самти пешгирии бемории сил даъват намуд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Декабр 2023
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« நவ்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 385
  • 841
  • 727,562