COVID-19. Гурӯҳи кории ҳукуматӣ таҳти роҳбарии Ширин Исматуллозода ба шаҳри Роғун ва навоҳии водии Рашт сафар анҷом дод

COVID-19. Гурӯҳи кории ҳукуматӣ таҳти роҳбарии Ширин Исматуллозода ба шаҳри Роғун ва навоҳии водии Рашт сафар анҷом дод
Август 14
17:39 2020

Аз 11 то 14 август дар асоси  дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори дахлдори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавируси COVID-19 гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода бо мақсади шиносоӣ ва назорати масъалаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин таҳлили ҳолати воқеии  пешгирӣ ва табобати беморони сирояти нави коронавирус ва дар ин замина гузаронидани корҳои фаҳмондидиҳӣ сафари худро дар шаҳри Роғун ва водии Рашт  идома дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Аз ҷумла, гурӯҳи корӣ ба шаҳри Роғун ва ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш сафар карда, аз  вазъи соҳаи тандурустӣ, алалхусус аз рафти фаъолияти самараноки беморхонаҳо ва муассисаҳои КАТС ва омодабошии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш дидан намуд.

Зимни боздид маълум гардид, ки аҳолӣ, соҳаи маориф ва табибон нисбат ба бемории сироятии COVID-19 ва гирифторшавӣ ба он фориғболӣ нишон медиҳанд.

Дар кӯчаву бозорҳо сокинон бениқоб гашту гузор мекунанд, дар  муассисаҳои таълимӣ  захираи маводи антисептикӣ, ниқоб, варақаҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷиҳати пешгирии беморӣ кам ба назар мерасанд.

Муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода зимни суҳбату вохӯриҳо дар шаҳру навоҳии мазкур оид ба  тадбирҳои роҳандозишуда аз ҷониби роҳбарияти давлату Хукумати мамлакат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19 ибрози андеша намуда, аз ҷумла зикр кард, ки  чораҳои амалишуда дар ин самт имкон доданд, ки паҳншавии вирус ва гузариши он ба пандемия дар Тоҷикистон  пешгирӣ карда шавад.

«Агар  ҳар як омӯзгор бо табибон ва волидон ҳамкорӣ кунанд, боварӣ дорам, ки мактаббачагон ҳеҷ гоҳ интиқолдиҳандаи беморӣ намегарданд», — изҳори итминон намуд Ш. Исматуллозода зимни суҳбату вохӯриҳо дар шаҳру навоҳии болозикр.

Дар ин робита, аз ҷониби муовини Сарвазири мамлакат ба масъулин супориш дода шуд, ки омӯзгорону муҳассилин бе ниқоб ба дарс надароянд ва дар даромадгоҳи мактабҳо ҳатман маводи антисептикӣ ва ҳароратсанҷ гузошта шавад.

Инчунин дастур дода шуд, ки аз ҳисоби кормандони миёнаи тиб дар мактабҳо навбатдориҳо ташкил карда, ҳар як омӯзгор вазифадор карда шавад, ки 2-3 дақиқаи дарсро ба фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои бехдоштӣ бахшад ва кормандони марказҳои саломати гардиши хонаҳоро барои дарёфти ҳолатҳои гумонбар пурзӯр кунанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 1,062
  • 1,242
  • 950,082