Август 15
14:06
2020
Бахшида ба Рӯзи касбии табибон, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 август, рӯзи мавлуди Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино таҷлил карда мешавад, дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули ҳаёти солим” чорабинии идона доир гардид.
Директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули ҳаёти солим” Парвина Мухторова зимни суханронии хеш кормандони марказро бахшида ба ин ҷашни фархунда табрик намуда, дар фаъолияти минбаъдаашон барору муваффақият орзу намуд.
Дар анҷоми чорабинӣ як қатор кормандони фаъоли марказ бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.