Дирӯз, 14 августи соли равон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ баҳри пешгирии бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 доир гардид, ки дар он сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Раҷабзода М.М, намояндагони як қатор сохторҳои марбута ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии ноҳия иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои таъмини муассисаҳои тиббии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо маводҳои доруворӣ ва либосҳои муҳофиҳатӣ, назорати рафти табобати беморон, пурзур намудани гаштҳои хонагӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҷиҳати боз ҳам пурзӯр намудани чораҳои пешгирикунанди бемории мазкур, аз ҷумла пурзӯр намудани корҳои оммафаҳмонӣ дар байни аҳолӣ оид ба пӯшидани ниқоби тиббӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.