Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади пурзӯр намудани чораҳои пешгирикунандаи бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 вохурӣ доир гардид, ки дар он раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода, сардори Раёсати тандурустии вилоят Раҷабзода М.М., роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ ва намояндагони як қатор сохтору мақомотҳои марбута иштирок намуданд.
Дар вохурӣ масъалаҳои пурзӯр намудани корҳои тарғиботию ташфиқотӣ ҷиҳати пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19 дар байни аҳолӣ, аз ҷумла пӯшидани ниқоби тиббӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ, назорати беморон ва таъмини онҳо бо маводҳои доруворӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар вохурӣ аз риоя нагардидани қоидаҳои пешгирии ин беморӣ аз ҷониби шаҳрвандон, махсусан бе истифодаи ниқоби тиббӣ гаштугузор намудан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, риоя накардани фосилаи иҷтимоӣ изҳори нигаронӣ карда шуд.
Қайд гардид, ки танҳо бо риояи ҳатмии қоидаҳои пешгирӣ мо метавонем худ ва наздиконамонро аз ин беморӣ эмин нигоҳ дорем.