Имрӯз, 28 августи соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ” оид ба масъалаҳои тавонбахшии беморони гирифтори саратон видеоконфронси илмию амалӣ доир гардид, ки дар он директори муассисаи мазкур Зафар Ҳусейнзода, директорони марказҳо ва донишкадаҳои илмии кишварҳои ИДМ ва Евразия иштирок намуданд.
Зикр гардид, ки масъалаҳои тавонбахшии беморони гирифтори саратон яке аз масъалаҳои мубрам ва ҳалталаби соҳаи саратоншиносӣ ба ҳисоб мераванд.
Видеоконфонс аз рӯйи 9 бахш идома ёфта, дар он 50 маърузаи илмӣ муҳокима шуда, 2 маъруза аз ҷониби мутахассисони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ” шунида шуд.
Мутахассисони маркази мазкур Мирзоева Д.С дар мавзӯъи “Барқароркунии яквақта ва мавқуфгузоштаи ғадуди ширӣ бо мақсади барқароркунӣ ва беҳсозии сифати ҳаёти занҳо бо саратони ғадуди ширӣ”, Умарзода С.Ғ. оид ба “Солимии репродуктивӣ ва сифати ҳаёти занҳо бо бемории Лимфома Ҳоҷкинӣ” баромад намуданд.
Қобили зикр аст, ки қаблан ба ин масъала на он қадар аҳамияти ҷиддӣ дода мешуд. Беморон баъд аз табобати пурра оид ба бемории саратон беаҳмиятӣ зоҳир намуда, аворизҳои ҷарроҳӣ, кимиёдармонӣ, табобати нурӣ онҳоро азият медоданд.
Дар видеоконфронси мазкур ҳамзамон мутахассисони соҳа як қатор масъалаҳои вобаста ба тавонбахшии беморони гирифтори саратонро баъд аз табобат муҳокима намуда, нақшаҳои ояндаро нисбати тавонбахшии ҷисмонию равонии онҳо мавриди баррасӣ қарор доданд.