Котиби генералии СММ иброз дошт, ки хуруҷи коронавирус аз назорат мебарояд

Котиби генералии СММ иброз дошт, ки хуруҷи коронавирус аз назорат мебарояд
Сентябр 17
13:32 2020

 Котиби генералии СММ Антониу Гутерреш гуфт, ки хуруҷи коронавирус аз зери назорат берун мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти ахбори СММ иттилоъ медиҳад. 

Ба гуфтаи вай, дар айни замон барои амнияти ҷаҳонӣ пандемия «таҳдиди рақами аввал» аст ва ба зудӣ инсоният аз марзи фавти як миллион тан ба асари тавсеаи вирус убур хоҳад кард. Котиби генералӣ таъкид кард, ки ҳарчанд бисёриҳо ба ваксина умед бастанд, аммо то ҳол барои пандемия нӯшдору вуҷуд надорад. Вай афзуд, ки ваксина худ ба худ буҳронро рафъ намекунад.

Гутерриш инчунин зикр кард, ки воситаҳои табобати ин беморӣ бояд нархи  дастрас дошта бошанд. Вай изҳор дошт, ки — ваксина сарвати умумиҷаҳонии ҷамъиятӣ аст.

Қаблан роҳбари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адан Гебрейесус гуфта буд, ки доруе, ки битавонад COVID-19 -ро маҳв намояд, вуҷуд надорад. Ба гуфти ӯ раҳоии абадӣ аз  коронавирус, сарфи назар аз умедвориҳои калон ба ваксинаи муассир ғайриимкон аст.

 

ДАР АКС: Антониу Гутерреш. Акси: MIKE SEGAR / Reuters

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 742
  • 1,242
  • 949,762