ЧӢ ТАВР ЗУКОМРО АЗ COVID-19 БОЯД ФАРҚ КАРД? Ба ин суоли хабарнигори АМИТ «Ховар» пулмонолог (духтури бемориҳои шуш) Ҳакимахон Ахмедова посух дод

ЧӢ ТАВР ЗУКОМРО АЗ COVID-19 БОЯД ФАРҚ КАРД? Ба ин суоли хабарнигори АМИТ «Ховар» пулмонолог (духтури бемориҳои шуш) Ҳакимахон Ахмедова посух дод
Декабр 17
07:24 2020

Бо фаро расидани фасли зимистон шумораи гирифторони бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, аз ҷумла бемории зуком зиёд мешаванд.  Ҳангоми якбора иваз шудани боду  ҳаво масунияти бадани одам паст гардида, шахс гирифтори вирусҳои гуногун мегардад. Ҳоло, ки ҷаҳонро пандемияи коронавируси нав COVID-19 фаро гирифтааст ва он бо зуком нишонаҳои монанд дорад, сармутахассиси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бемориҳои шуш Ҳакимахон Ахмедова зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» фарқияти нишонаҳои ин ду бемориро шарҳ дод.

«Дар марҳилаи имрӯза авҷи бемории мавсимии зуком  ба қай2д гирнифта шудааст. Зуком (грипп) ва COVID-19 бемории вирусӣ буда, аломатҳои ба ҳамдигар монанд доранд. Баландшавии ҳарорат, дарди гулӯ, пайдошавии сулфа ва беҳолӣ  аломатҳое мебошанд, ки ҳам хоси зуком ва ҳам COVID-19 ҳастанд.  Вале дар баробари нишонаҳои якхела доштан метавон онҳоро аз ҳамдигар фарқ намуд»,- гуфт Ҳакимахон Ахмедова.

«Агар бемориро дуруст таҳлил намоем, дар рӯзҳои аввал   мо метавонем фарқияти бемории зукомро аз коронавирус муайян кунем. Фарқияти якуми  беморӣ- ин давраи  инкубатсионӣ мебошад, ки дар зуком он хеле кӯтоҳ 2-3 рӯз ва дар COVID-19 аз 2 то 14 рӯзро дарбар мегирад. Фарқияти дуюм оғози беморӣ мебошад, ки дар ҳолати зуком шадид ва ҳарорати бадан аз 38,5 боло мешавад. Дар COVID-19    ҳарорат якбора баланд намегардад.  Ҳангоми гирифтори бемории коронавирус шудан ҳарорати бадан аз 37,1 то 37,5 шуда, дар вақти аз ҳолати миёна ба вазнин гузаштани беморӣ баъд аз 4-6 рӯз  баландшавии ҳарорат аз 38,5 боло мебароляд»,-иброз дошт мутахассиси соҳа.

Инчунин, бино бюа гуфтаи духтури  пулмонолог Ҳакимахон Ахмедова, дар ҳолати коронавирус сулфа хушк буда, дар вақти зуком сулфа бо ихроҷи ками балғам  мушоҳида мешавад. Дар ҳолати зуком обреза аз бинӣ ва атсазанӣ  ба амал меояд, дар COVID-19  баъзан вақт ҳолати ками обравии бинӣ бидуни атсазанӣ дида мешавад.  Гумшавии ҳисси бӯй ва мазза танҳо дар коронавирус ба мушоҳида расида, он хоси зуком намебошад.

«Муҳимтар аз ҳама, агар бемории зукомро дар хона  табобат кунем, дар муддати 2-3 рӯз он пурра бартараф шуда,  пневмония  зуҳур намекунад. Агар пневмония пайдо шавад ҳам, як қисми шушро ба илтиҳоб гирифтор мекунад. Дар ҳолати пневмонияи коронавирусӣ илтиҳоб дутарафа шуда, пурра шушро фаро мегирад», — мегӯяд Ҳ. Ахмедова.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 98
  • 989
  • 887,452