Вазъи тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳи ҳифзи иҷтимоӣ

Вазъи тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳи ҳифзи иҷтимоӣ
Октябр 14
07:51 2020

Қайд кардан ба маврид аст, ки мубрамияти мавзӯъи мазкур ва нақши калидии мутахассисону кадрҳои соҳавиро ба инобат гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони тиб ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 18 августи соли 2020 низ таъкид доштанд, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Сарвари давлат аз он иҳзори нигаронӣ намуданд, ки дар низоми таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии кишвар ҳанӯз ҳам масъалаи тайёр кардани кадрҳо барои соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла суғуртаи иҷтимоӣ, меҳнат ва хизматрасонии иҷтимоӣ ба роҳ монда нашудааст.

Дар ҳамин замина, ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав  супориш дода шуд, ки ҷиҳати тақвият бахшидани тадбирҳо оид ба тайёр кардани мутахассисони дорои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ барои соҳа чораҷӯӣ намоянд. Зеро, ин соҳа, яъне ғамхории доимӣ дар ҳаққи ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлати мо мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки дар замони соҳибистиқлолии давлатӣ дар кишвар низоми ҳифзи иҷтимоии комилан нав ташаккул ёфта, ҳоло дар марҳалаи рушд қарор дорад.

Дар ҳақиқат барои беҳбудӣ ва беҳдошти зиндагии мардум дар кишвари мо некуаҳволи иҷтимоии шахс ва рушди ӯ ҳамчун мақсади асосии давлат дар соҳаи иҷтимоӣ муайян карда шудааст. ки нишондодҳои рушди инсон аз 3 самти асосӣ – дастрасӣ ба таҳсилот, тандурустӣ ва дарозумриву  некӯаҳволии зиндагӣ иборат мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир ба омода ва тайёр  кардани кадрҳои соҳавӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунад. Барои  беҳбудӣ дар ин соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ Ҳукумати кишвар барномаҳои давлатӣ ва тадбирҳои иловагиро амалӣ намуда, имрӯз ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст.

Қайд кардан зарур аст, ки аз ҷониби собиқ Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ соли 2012 ба Классифакатори касбҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 номгӯи кори нав: ёрдамчии корманди иҷтимоӣ, корманди иҷтимоӣ  ва мутахассиси кори иҷтимоиро ворид намуд.

Моҳи майи соли 2009 байни  собиқ Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  Меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расид, ки аз моҳи сентябри соли 2009  қабули довталабон ба ихтисоси кори иҷтимоӣ ва омодасозии мутахассисони ин соҳа дар шӯъбаҳои рӯзонаи  донишгоҳи мазкур оғоз гардид. Дар ин донишгоҳ аз моҳи июли соли 2012 кафедраи кори иҷтимоӣ мустақилона фаъолият мебарад, ки дар  он 1 профессор, 3 номзади илм, 3 нафар ассистент ва 1 лаборант фаъолият мебаранд. Ҳамасола то 50 нафар донишҷӯён кафедраи мазкурро аз рӯи ихтисоси кори иҷтимоӣ хатм менамоянд. Аз соли 2009 то ба имрӯз  кафераи донишгоҳи мазкурро  бо ихтисоси  мутахассиси кори иҷтимоӣ  106 нафар донишҷӯй хатм намудааст.

Инчунин, тазаккур намудан ба маврид аст, ки дар заминаи ҶДММ “Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоӣ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” таъсис дода шуд, ки, аз рӯи 3 ихтисос-кори табобатӣ, кори психологияи тиббӣ ва кори иҷтимоӣ  фаъолият мебарад. Айни замон дар донишкада дар соли таҳсили 2020-2021  156 нафар донишҷӯён таҳсил карда истодаанд.

Ҳамзамон, дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М. Назаршоев дар замини факултаи менҷемети идоракунӣ кафедраи  менеҷменти иҷтимоӣ таъсис дода шудааст, ки аслан маъсалаҳои умуми иҷтимоиро дарбар мегирад.

Дар сохтори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо” бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри со­ли 2012, № 628 таъсис ёфтааст, ки аслан вазифаи донишкадаи баъдидипломии соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ маҳсуб меёбад. Тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, №12 «Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли  2014, № 148 «Дар бораи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Оинномаи Маҷмаа аз нав таҳия гардида, аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ  гардидааст.

Тибқи Оиннома Маҷмааи мазкур дар ду самт-“Шӯъбаи таълимӣ” ва “Шӯъбаи таҷрибавӣ (будубоши рӯзона)” бо равияҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони иҷтимоии   шӯъбаҳои  хизматрасонии  иҷтимоӣ

дар хона, кормандони  иҷтимоии  хона-интернатҳо  ва  марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ, кормандони бахшҳои ҳифзи иҷтимоии  аҳолии   шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  ба омӯзиш ҷалб гардида   истодаанд.

Бояд гуфт, ки аз ибтидои соли 2014 то ба имрӯз дар Маҷмаа шумораи умумии шунавандагони курси такмили ихтисос 1048 нафарро ташкил медиҳад.   Дар  асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2019, №120 дар сохтори  Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ” низ  “Бахши захиравию таълимӣ ва аспирантура” таъсис дода шудааст, ки фаъолияти  он барои тайёр намудани кадрҳои болаёқат барои бозомӯзии касбии табибон аз рӯи ихтисоси «Экспертизаи тиббию иҷтимоӣ», Барномаи таълимии давраи такмили ихтисоси «Экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон» дар шакли рӯзона, мӯҳлати таҳсил 1 моҳ (24 рӯзи тақвимӣ), Барномаи таълимии давраи такмили ихтисоси «кори ҳамширагӣ дар экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон» барои бозомӯзии касбии ҳамшираҳои тиббӣ  аз рӯи ихтисоси «Экспертизаи тиббию иҷтимоӣ» дар шакли рӯзона, мӯҳлати таҳсил  16 рӯзи тақвимӣ ва давраи такмили ихтисос оид ба “Корманди иҷтимоӣ”, муҳлати таҳсил 16 рӯз  (90 соат) равона карда шудааст.

Дар ин бахш тибқи нақша мутахассисон аз даври такмили ихтисос ва курсҳои бозомӯзӣ гузаронида мешаванд. Дар ин давра 138 нафар табибони муассисаҳои тиббию профилактикӣ  37 ҳамшираҳои тиб, ки дар муассисаҳои иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият менамоянд, инчунин, 127 нафар кормандони иҷтимоӣ аз даври бозомӯзӣ ва такмили ихтисос гузаронида шуданд.

Бояд қайд намуд, ки моҳи августи соли ҷорӣ дар вилояти Суғд 41 нафар кормандони Муассисаи давлатии “Маркази дастгирии оила ва кӯдак”-и дар шаҳри Хуҷанд ва 18 нафар кормандони Муассисаи давлатии  “Маркази дастгирии оила ва кӯдак”-и шаҳри Истаравшан дар мавзӯи “Кори иҷтимоӣ” ба давраи сайёри бозомӯзӣ ҷалб карда шуданд.

Қобили зикр аст, ки  ҷиҳати таҳия намудани  стандартҳои  давлатии таълимӣ дар самти кори иҷтимоӣ дар сатҳои олӣ, миёна ва ибтидоии касбии бо дастгирии Филиали Ассотсиатсияи Caritas Germany дар Тоҷикистон гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи стандартҳои давлатии таълимӣ, нақшаҳо ва барномаҳо дар сатҳҳои олӣ, миёна ва ибтидоии касбии омодасозии мутахассисони кори иҷтимоӣ таъсис дода шуд. Ба гурӯҳи корӣ намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои давлатии таълимӣ (ДМТ, РТСУ) ва  Маркази таълимии калонсолон ҷалб карда шуданд.

Натиҷаҳои гурӯҳи корӣ дар мизи мудаввар бо иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои таълимии давлатӣ (ДМТ, РТСУ, ДДТТ), маркази таҳсилоти калонсолон ва ташкилотҳои байналмилалӣ  муҳокима карда шуд.

Стандарти тахассусии таҳсилоти миёнаи касбӣ (талаботи давлатӣ нисбат ба ҳадди ақалли  мазмун ва сатҳи тайёрии хатмкунандагон  бо ихтисоси 2-8601101 “кори ҳифзи иҷтимоӣ” аз  ҷониби вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ гардида,  дар  назар аст, ки дар заминаи Муассисаи давлатии  “Колеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”  кафедраи кори иҷтимоӣ таъсис дода шавад.

Дар маҷъ, системаи таълим дар соҳаи иҷтимоии мамлакат дар ҳолати кунунӣ сарфи назар аз бартариҳои зиёд, ба коракард  ниёз  дорад, ки дар ин самт кор идома дода хоҳад шуд.

Сардори Шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва

таъмини кафолатҳои давлатии вазорат                 Соима Муҳаббатова

 

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 960
  • 1,242
  • 949,980