Имрӯз, 16 октябри соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ворид намудани усулҳои нави ташхис ва табобати бемориҳои омосӣ, махсусан омосҳои бадсифат чорабинии илмӣ-амалӣ доир гардид.
Дар чорабинии мазкур дар баробари роҳбарият ва кормандони муассиса, инчунин, роҳбарон ва кормандони марказҳои саратоншиносии шаҳру ноҳияҳои кишвар низ иштирок намуданд
Дар чорабинии мазкур мутахассисони соҳа иштирок намуда, доир ба ворид кардани усулҳои муосир дар ташхис ва табобати омосҳои бадсифат ва дар ин замина беҳтар гардонии сатҳи хизматрасонӣ ба беморони мазкур дар кишвар табодули афкор намуданд.
Доир ба паҳлуҳои гуногуни бемориҳои омосӣ олимони соҳа маърӯзаҳо намуда, дар самти ворид намудани усулҳои ташхис ва табобати бемории мазкур миёни иштирокчиён табодули афкор сурат гирифт.