Масъалаи кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ баррасӣ гардид

Масъалаи кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ баррасӣ гардид
Ноябр 03
16:19 2020

Бо мақсади пайгирии раванди иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июли соли 2020, №401 “Оид ба тадбирҳои амалисозии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июли соли 2020, №1544 “Дар бораи пешгирии  таъсири бемории  сироятии COVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2020, №271 “Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъин ва пардохти кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва бо мақсади иҷрои банди 75 нақшаи чорабиниҳо аз 17 январи соли 2020, №АП-1325 оид ба ташаккули махзани ягонаи иттилооти маъюбон, ҷиҳати тезонидани иҷрои қарорҳои мазкур имрӯз, 3 ноябри соли равон дар  маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ҷаласаи корӣ гардид.

Дар кори ҷаласа муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, муовинони сарпараст, мудирони бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, котибони озод аз бахшҳои ҳифзи иҷтимоӣ, роҳбарони КАТС-и шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки бо мақсади таъмини иҷрои саривақтии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2020, №271 “Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъин ва пардохти кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 21 майи соли 2020, №384 барномаи гузаронидани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ дар сатҳи 28 шаҳру ноҳияҳои кишвар тасдиқ гардида, маҷмӯи санадҳои меъёри ҳуқуқии марбута дар шакли китобча, буклет  оид ба иттилоотонии аҳолӣ, овеза дар бораи кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ, таҳия ва нашр карда шуда, дар рафти гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ  ба сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии 28 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  дастрас карда шуд.

Ҳамзамон, воҳидҳои кории мутахасиссон коргузор вобаста ба шумораи аҳолӣ ва теъдоди хонаводаҳо муайян карда шуда, 18 июни соли ҷорӣ аз ҷониби Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки мақоми татбиқкунандаи механизми мазкур маҳсуб меёбад, озмун доир карда шуда, 51 нафар ба вазифаи мутахасисси коргузор оид ба кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ интихоб шуда, бо онҳо шартномаи меҳнатӣ баста шуданд.

Дар баробари ин, бо мақсади таъминоти  ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва раёсатҳои истифодабарии манзилию коммуналӣ бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ намунаи ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла ариза барои гирифтани кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ, маълумотнома дар бораи ҳайати оила, маълумот дар бораи даромад ва молу мулки аъзоёни оила, инчунин, китоби махсуси бақайдгирии муроҷиати шаҳрвандон нашр гардида, тақсимоти онҳо барои  28 шаҳру ноҳияҳо пурра анҷом дода шуд.

Аз 28 шаҳру ноҳияҳо, ки кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ аз 1 июли соли 2020 дар онҳо ҷорӣ гардид,  то кунун 45337 муроҷиати шаҳрвандон қабул гардида, ба системаи иттилоотӣ  ворид шудааст. Дар доираи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2020, №271 “Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъин ва пардохти кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  бояд 103373 оилаҳои ниёзманди 28 шаҳру ноҳияи нав, ки ба барномаи кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ ворид гардидаанд, аз кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ бархурдор гарданд.

Инчунин, дар давраи паҳншавии бемории COVID-19  тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июли соли 2020, №401 “Оид ба тадбирҳои амалисозии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июли соли 2020, №1544 “Дар бораи пешгирии  таъсири бемории  сироятии COVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба оилаҳои камбизоати ниёзманд ба маблағи 400 сомонӣ кӯмакпулии яквақтаина  ҷудо гардидааст, ки аз ин кӯмакпулӣ бояд 184000 оилаҳои камбизоат бархӯрдор гарданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 19
  • 793
  • 1,242
  • 949,813