Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент Беморхонаи минтақавиро ифтитоҳ намуданд

11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ Беморхонаи минтақавиро ифтитоҳ намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки беморхонаи минтақавӣ бо ҳадафи амалисозии сиёсати иҷтимоии Роҳбари давлат барои беҳсозии сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ бо тарҳи муосир сохта шудааст ва имкон дорад, ки ба 25 ҳазор аҳолии деҳоти Лоиқ Шералӣ, 4 деҳоти гирду атроф, сокинони ноҳияҳои Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ низ хизмат расонад.

Сохтмони иншоот бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 3 сол қабл оғоз гардида, дар ҷараёни корҳои бунёди ин иншоот 200 сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб шуда буданд.

Бино аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, шуъбаҳои бемориҳои амрозӣ дарунӣ, ҷарроҳӣ, асабшиносӣ, таваллудхона, касалиҳои кӯдакона, озмоишгоҳ ва дигар ҳуҷраҳои ташхисию табобатии он бо 100 кати хоб ва дастгоҳу таҷҳизоти ҳозиразамон таъмин мебошад.

Зимни шиносоӣ бо имконоти мавҷудаи бинои навсохт Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои иҷрошуда баҳои баланд дода, масъулонро доир ба таъмини босифати сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва тарбияи ҷавонони соҳибихтисосу ботаҷриба вазифадор намуданд.

Бунёди дегхона ва пайваст намудани бино бо системаи гармидиҳӣ имкон фароҳам месозад, ки хизматрасонӣ дар давраи тирамоҳу зимистон ба беморон бемушкилӣ сурат гирад.

Аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шуъбаи ёрии таъҷилии беморхонаи минтақавӣ як мошини хизматӣ тақдим гардид.

Пас аз шиносоӣ бо шароити беморхона Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон, тариқи маҷозӣ 5 иншооти нави тандурустиро ифтитоҳ намуданд.

Филиали Муассисаи давлатии маркази стоматологӣ дар маркази шаҳри Панҷакент, 3 маркази саломатӣ дар деҳаҳои Равот, Кӯҳдоман, Шӯрнова ва бинои иловагӣ барои беморони Муассисаи давлатии беморхонаи пӯст ва зуҳравӣ дар деҳоти ба номи Лоиқ Шералӣ, ҳамаи ин ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо саҳми сокинону соҳибкорон, дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бунёд шудааст, ки дорои шароити хуби хизматрасонӣ мебошанд.

Ифтитоҳи беморхонаи минтақавӣ дар деҳоти Лоиқ Шералии шаҳр… | Flickr

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асабро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Натиҷагирӣ аз рафти иҷрои Барномаи рушди тандурустӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

Рушди хизматрасонии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати Комиссия оид ба тандурустии Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин

Ҷорӣ намудани ҷарроҳии кошти ҳалзун барои беморони камшунаво ва ношунавои мутлақ

Ифтитоҳи бинои шуъбаи сироятӣ дар ноҳияи Қубодиён

Search