СУТ ҷомеаи ҷаҳониро даъват мекунад, ки ба пандемияи нав омода шавад

СУТ ҷомеаи ҷаҳониро даъват мекунад, ки ба пандемияи нав омода шавад
Ноябр 09
15:05 2020

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) ҳукуматҳои тамоми ҷаҳонро даъват кард, ки ба пандемияи нав омодагӣ гиранд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, изҳороти дахлдор дар сомонаи СУТ интишор ёфтааст. Вай ин мавзӯъро ҳамчун яке аз мавзӯъҳои калидии муҳокимашаванда дар иҷлосияи ҳарсолаи 73-юми Ассамблеяи умумиҷаҳонии тандурустӣ (9-14 ноябр) мешуморад, ки рӯзи душанбе дар шакли телеконференсия кори худро аз сар мегирад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

Тавре СУТ дар изҳороти дар Женева дар остонаи форум пахшнамудааш зикр мекунад, ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, ки «аз ҳамин рӯз ба пандемияи нав омодагӣ бигирад». «Мо давоми соли охир дидем, ки кишварҳои дорои  инфрасохтори мустаҳками тандурустӣ барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода, бо мақсади нигоҳдорӣ ва назорати тавсеаи вируси SARS-CoV-2 тавонистанд тадбирҳои сареъ андешанд», — иброз шудааст дар изҳорот.

Дар Ассамблеяи 73-юм, ки қисми якуми он дар Женева 18-19 май баргузор шуд, қабули қарор «дар бораи таҳкими омодагиҳо ба ҳолатҳои таъҷилӣ дар соҳаи тандурустӣ» ба нақша гирифта шудааст. Дар лоиҳаи ҳафтсаҳифагии ин санад ба забони англисӣ аз кишварҳо даъват мешавад, ки ба беҳтар намудани омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода «дар сатҳи олии сиёсӣ афзалият дода шавад». Дар он инчунин зарурати таъмини «музди муносиб»  барои мутахассисони касбии соҳаи тандурустӣ, аҳамияти омодасозии кормандони соҳаи тандурустӣ ва «баланд бардоштани нақши кормандони соҳаи тандурустии маҳаллӣ” таъкид шудааст. СУТ чунини меҳисобад, ки бояд «тамоми кишварҳо барои ошкорсозӣ ва вокуниш алайҳи COVID-19 ва бемориҳои дигари хатарноки сироятӣ беҳтар муҷаҳҳаз ва таъмин бошанд».

СУТ бар ин назар аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ қодир аст бо неруи илм ва ҳамбастагӣ бар COVID-19 пирӯз шавад. Гарчанде ки пандемияи коронавирус ин буҳрони ҷаҳонӣ аст, «бисёр давлатҳо ва шаҳрҳо муваффақона бо истифода аз бархӯрди фарогир ва бо далелҳо асосёфта тавсеаи  уфунатро пешгирӣ ва таҳти назорат қарор доданд”, -гуфта шудааст дар изҳорот. Дар ин робита СУТ хотиррасон кард, ки ҷаҳон дар атрофи «нақшаи тезонидани коркарди ваксинаҳо, воситаҳои ташхисӣ ва терапевтӣ» муттаҳид шудааст.

Ба ақидаи СУТ, ассамблея бояд тасдиқ кунад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳалли мушкилоти калидии соҳаи тандурустӣ, ба шумули эмгузаронӣ, беҳтар намудани саломатии пиронсолон,  мубориза бо сил ва зуком даст нахоҳад кашид. Дар ҳамоиш нақшаи 10-солаи мубориза бо бемориҳои «фаромӯшшуда» -и тропикӣ, инчунин мушкилоти менингит, эпилепсия ва дигар бемориҳои асаб, масъалаҳои ғизои кӯдакон ва модарон муҳокима хоҳанд шуд.

Тибқи маълумоти СУТ, дар саросари ҷаҳон зиёда аз 48,1 миллион ҳолати сироятшавӣ аз коронавирус сабт шудааст. Пандемия ҷони беш аз 1,23 миллион нафарро рабудааст.

АКС аз бойгонӣ

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 966
  • 1,242
  • 949,986