Бо мақсади такмили дониши назария ва амалияи донишҷӯён дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Вахш Беморхонаи клиникӣ бунёд гардид

Бо мақсади такмили дониши назария ва амалияи донишҷӯён дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Вахш Беморхонаи клиникӣ бунёд гардид
Ноябр 10
10:06 2020

Соли равон барои устодон ва донишҷӯёни Муассисаи ғайридавлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ноҳияи Вахш» соли фаромӯшнашаванда  ба шумор меравад. Зеро 23-юми сентябри соли ҷорӣ бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди муассисаи мазкур Беморхонаи клиникии наву ҳозирамони ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба фаъолият оғоз намуд. Ин беморхона комилан бо усули муосир бунёд шуда, аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, дар таҳхонаи бино маъмурият, ду дорухона ва ҳуҷраҳои физиотерапевтӣ, дар ошёнаи якум қабулгоҳ, гӯшаи гиёҳдармонӣ ва ҳуҷраҳои қабули корафтодагон қарор дошта, ҷароҳатхона, шуъбаҳои ҷарроҳӣ, стоматологӣ, кӯдакона, амрози занонаву дарунӣ, ошхона, маҷлисгоҳ ва ҳуҷраҳои бистаринамоӣ дар ошёнаҳои дуюм ва сеюм ҷойгиранд. Беморхона аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Қурбоналӣ Юсупов бунёд шуда, бо мавриди истифода қарор гирифтани иншоот барои 40 нафар ҷои кори доимӣ муҳайё гардид. Бо назардошти беҳшавии фаъолияти табибон, дар беморхона 43 утоқи кории барҳаво бунёд ва бо мебелу дигар лавозимоти зарурӣ ҷиҳозонда шудаанд.

Ифтитоҳи беморхонаи муосири сеошёна, минбаъд на танҳо барои ниёзмандон аз гӯшаву канори ноҳия, балки ба донишҷӯён имконият медиҳад, ки дарсҳои амалиро бевосита дар худи боморхона гузаранд ва дониши андӯхтаи худро мустаҳкамтар намуда, назарияро бо амалия якҷоя намоянд. Ифтитоҳи беморхонаи мазкур  муассисаро ба як маркази тиббӣ- таълимӣ ва табобатӣ табдил дода, барои ҳаматарафа омода намудани мутахассисони миёнаи тиббӣ имконият фароҳам овардааст.

Дар Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Коллеҷии тиббии ноҳияи Вахш” 5 кафедра — Кафедраи фанҳои гуманитарӣ, Кафедраи тиббӣ — биологӣ, Кафедраи табиӣ — риёзӣ, Кафедраи фанҳои тахассусӣ ва Кафедраи забонҳо амал мекунад ва аз рӯи 4 ихтисос 982 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки 667 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.

Дар Муассиса шакли таълим рӯзона буда, коллеҷ дар тӯли фаъолияти кутоҳи худ тавонистааст, ки дар тарбияи кадрҳои миёнаи тиббии кишвар нақши сазовореро гузорад.

Дар Муассисаи ғайридавлатии таълимии  “Коллеҷи тиббии ноҳияи Вахш” айни ҳол 51 нафар кормандон ва омӯзгорон фаъолият доранд. Аз он ҷумла 23 нафар омӯзгорони асосӣ ва 28 нафар омӯзгорони соатбай ба шогирдон дарс мегӯянд, ки 15 нафари онҳо дорои таҳсилоти олии тиббӣ ва 21 нафарашон соҳиби таҳсилоти олии педагогӣ мебошанд.

Новобаста ба пояи пурқуввати кадрӣ роҳбарияти коллеҷ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар оянда барои  мустаҳкам намудани пояи кадрии муассиса чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 12
  • 982
  • 1,242
  • 950,002