Кӯлоб: Беморхонаи ба номи Ҳақназаров барои муътадил гузаронидани фасли зимистон омодааст

Кӯлоб: Беморхонаи ба номи Ҳақназаров барои муътадил гузаронидани фасли зимистон омодааст
Ноябр 12
17:14 2020

Беморхонаи бисёрсоҳавии клиникии ба номи Ҳақназарови шаҳри Кӯлоб калонтарин муассисаи тандурустии  минтақа маҳсуб шуда,  роҳбарияти он барои муътадил гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистони имсола тадбирҳои зарурӣ андешидаанд.  Аз ҷумла, то имрӯз дар беморхона дастгоҳҳои тақсимоти барқ пурра аз таъмир бароварда шуда, корҳои  шишабиндию  захираи маводи сӯхт низ ба  анҷом  расидаанд.

Бино ба иттилои масъулини ин муассисаи тандурустӣ, беморхонаи мазкур ба хатти нави барқ пайваст буда, ҳамаи  биною утоқҳо шишабандӣ гардида,  бо таҷҳизоти муосири гармидиҳанда муҷаҳҳаз мебошад. Барои таъмини барқ дар ҳолатҳои зарурӣ  ду адад муҳаррикҳои дизелиии барқдиҳанда дар ҳолати хубӣ корӣ қарор доранд.

Беморхонаи мазкур   дорои 406 кати хоб буда, ба сокинони шаҳр ва деҳаҳои атроф  хизмати тиббӣ мерасонад. Имсол ба беморхона 465 рахти хоб, 120 матрас, 200 кӯрпа ва 200 болишт дастрас ва ба ҳамаи шуъбаҳо тақсим гардид. Бинои маркази перинаталӣ ба таври муосир бо фаршҳои гармидиҳанда гарм карда мешавад ва барои модару кӯдак тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардидааст. Дар инҷо таҷҳизот барои нафасдиҳии кӯдакони навзод, гарминигоҳдорӣ ва дигар лавозимот барои солимии модару кӯдак фароҳам мебошанд.

Инчунин барои беморхона чоҳи амудӣ канда шуда, як обанбор дар ҳаҷми 350 куб ва манораи об бо ғунҷоиши 150 куб сохта шудааст, ки  он  ба таври доимӣ бо об таъмин менамояд. Ҳамаи таҷҳизоти барқӣ ва системаи гармидиҳии маркази перинаталӣ аз панелҳои офтобӣ неру мегиранд ва барои сарфаи қувваи барқ мусоидат мекунанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 1,040
  • 1,242
  • 950,060