Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорат

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорат
Ноябр 23
13:28 2020

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 23 ноябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона доир гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир, сардорони раёсатҳои зерсохтор ва кормандони вазорат иштирок намуданд.

Чорабинӣ  бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сухани ифтитоҳӣ ҳозиринро ба ин санаи фархунда шодбош намуда, иброз дошт, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамами миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумуми ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарабр менамояд.

Қайд гардид, ки мақсад аз таҷлили санаи мазкур эҳтиром ба ин рамзи давлатӣ, бедор намудани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносии шаҳрвандони мамлакат, аз ҷумла насли ҷавон мебошад.

Дар воқеъ, парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин, дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъи муҳимро иҷро менамояд.

Дар Парчами давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон рангҳои сурху сабзу сафед, ки аз покии дили ниёкон, сурхии хуни шаҳидон ва сабзии хати дафтару девони пешиниён маншаъ мегиранд, ҳамчун таҷассумгари мубориза барои озодӣ ва истиқлол, бахту иқболи сафед, ояндаи дурахшон, сулҳу сабот, саъю кӯшиши ҳамвора баҳри сарсабзию хуррамии кишвар, тоҷ ва ҳафт ситора, ки ба қавли Фирдавсӣ “ниёкони мо тоҷдорони даҳр, ки аз додашон офарин буд баҳр” буда, барҳақ нахӯстин хусравони соҳибтоҷи олам буданд, ҳамчун таҷассумгари соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ инъикос гардидаанд. Аз ин ҷост, ки парчами давлатӣ ба сифати рамзи музаффарият ва гузаштаи пурифтихор моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу сабот, мубориза баҳри зиндагии арзанда ва пешрафти озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ба сўи фардои дурахшон раҳнамоӣ мекунад.

Дар анҷоми чорабинӣ вобаста ба ин санаи муқаддас ба ҳозирин филми кӯтоҳ намоиш дода шуд.

Маврид ба ёдоварист, ки 3 ноябри соли 2009 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” пешниҳод гардида, ба тасвиб расид ва мувофиқи он 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд, ки ин сана ҳамасола ҳамчун рӯзи ид бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 1,065
  • 1,242
  • 950,085