Сафари кории Ҷамолиддин Абдуллозода ба ВМКБ: Боздид аз Беморхонаи марказии ноҳияи Дарвоз

Сафари кории  Ҷамолиддин Абдуллозода ба ВМКБ: Боздид аз Беморхонаи марказии ноҳияи Дарвоз
Май 11
15:53 2021

Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ, таҳлили вазъи кунуни  соҳа, бартараф  намудани мушкилот ва камбудиҳои мавҷуда ва дар ин замина боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ  имрӯз, 11 майи соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба ВМКБ сафар намуд.

Дар ҷараёни сафари корӣ нахуст вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода аз рафти фаъолияти Беморхонаи марказии ноҳияи Дарвоз боздид ба амал овард. Дар ин ҷо вазири тандурустии мамлакатро раиси ноҳияи Дарвоз Саидбурҳон Абдураҳмонзода, роҳбарияти Раёсати тандурустии вилоят ҳамроҳӣ намуданд.

Мавсуф зимни боздид бо фаъолияти шӯъбаҳои беморхона, ҳолати таҷҳизотҳои тиббие, ки чанде қабл бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили таҷҳизоти рентгени рақамӣ ва стансияи истеҳсоли кислород бо иқтидори таъмини 10 кати бемор ва аз 8 то 12 баллони кислород дар 1 рӯз  харидорӣ ва дастрас карда шуда буданд,  шинос гардид.

Инчунин, дар беморхонаи мазкур вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо роҳбарият ва кормандони беморхонаи мазкур суҳбати озоду ошкоро анҷом дода, ҷиҳати беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Сафари кории вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар ВМКБ идома дорад.

Маврид ба зикри хос аст, ки ҳифзи саломатии аҳолӣ баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон мақоми хоса касб намуда, таҳти таваҷҷуҳ ва дастгириҳои  бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини солимии аҳолӣ дар баробари дигар манотиқи кишвар дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ низ як қатор корҳои муҳим ва назаррас ба анҷом расонида шудаанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар баробари дигар манотиқи мамлакат соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ВМКБ босуръат рушд намуда истодааст.

Танҳо давоми солҳои 2018-2021 шумораи умумии сохтмони муассисаҳои тандурустӣ  дар ВМКБ: 12 муассиса ба маблағи 31 миллиону 583 ҳазору 602 сомонӣ, шумораи умумии сохтмони муассисаҳои хусусӣ – 1 адад, муассиса ба маблағи 140 миллиону 639 ҳазору 144 сомонӣ ва шумораи 873 ҳазору 370 сомониро ташкил медиҳад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 301
  • 989
  • 887,655