Таҷлили бошукӯҳи Наврӯзи ҷаҳонӣ таи ҳафтаи охир дар ҳама муассисаҳои зерсохтори Вазорати тандурутӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дошт. Чорабиниҳои Наврӯзӣ дар Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ” дар ноҳияи Варзоб, Муассисаи давлатии “Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо, Муассисаи давлатии “Хона – интернати беморони рӯҳии ноҳияи Ҳисор”, “Маркази тавонбахшии кӯдакону наврасони шаҳраки Шифо, Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим, Маркази миллии ташхис, марказҳои шифоҳию табобатӣ ва ҳифзи иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои кишвар бо шукуҳу шаҳомати хоса идома дорад. Махсусан дар муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ дастурхони пурнозу неъмати идона оросташуда ва кӯмакҳои хайриявӣ барои бошандагони муассисаҳои тавонбахшӣ ва маъюбону барҷомондагон тӯҳфаи хуби идона буд.
Дар доираи ин чорабиниҳо баргузор намудани намоиши либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, шеъру таронаҳои наврӯзи, рақсу суруди миллӣ ва ороиши дастурхони идона бо таомҳои миллӣ шукӯҳи ин иди аҷдодиро боз ҳам афзун намуд.