Дар ноҳияи Тоҷикобод Маркази саломатии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ба истифода дода шуд

Дар ноҳияи Тоҷикобод Маркази саломатии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ба истифода дода шуд
Ноябр 25
15:22 2020

Бо мақсади беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ азнавсозӣ, бунёд ва таъмиру тармими муассисаҳои тандурустӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат бомаром идома доранд.

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Тоҷикободи ноҳияи Тоҷикобод як Маркази саломатии хуштарҳу замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири тиббӣ дари худро ба шаҳрвандон боз намуд.

Аснои ба истифода додани маркази саломатии мазкур намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод иштирок намуда, бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чунин муассисаи тандурустиро идомаи дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар намудани хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ арзёбӣ намуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, маркази саломатии мазкур аз шӯъбаҳои қабули беморон, хатна, табиби оилавӣ, стоматология, ташхисгоҳ ва ғайра иборат мебошад, ки минбаъд ба аҳолии наздики 49 ҳазор нафараи шаҳраки Тоҷикободи ноҳияи Тоҷикобод хизматрасонии баландсифати тиббиро таъмин хоҳад намуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 982
  • 1,242
  • 950,002