Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд

Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд
Декабр 03
09:44 2020

2 декабри соли 2020 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд шинос гардид.

Тавре аснои шиносоӣ иттилоъ дода шуд, Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд аз беҳтарин муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ буда, дар он беш аз 300 нафар кормандони соҳаи тиб ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.

Дар Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳо шуъбаҳои қабул бо гурӯҳи ёрии таъҷилӣ, дармонгоҳи машваратӣ, шуъбаи ташхис, сактаи миокард, фишорбаландии шараёнӣ, ҷарроҳии рагҳои хунгард, ҷарроҳии нуқсони модарзодӣ ва тарбодии дил, бемориҳои музмини ишемиявии дил ва номураттабии кори дил, таҳлилгоҳи биохимиявӣ ва ҳуҷраҳои табобатии физиотерапевтӣ, сӯзангузорӣ ва маҳс мавҷуд аст.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд ва баҳри беҳтар намудани сатҳи хизматрасониҳои тиббӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад. Маҳз бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасониҳои тиббӣ ва осон намудани мушкилоти мардум бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи омодагиҳо ба ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марказ моҳи сентябри соли равон бинои иловагии табобатӣ ба истифода дода шуд. Имрӯзҳо сокинон аз тамоми гӯшаву канори вилоят ва берун аз он барои гирифтани табобат ва таъмини солимии худ ба марказ муроҷиат мекунанд.

Раиси вилоят ҳини шиносоӣ бо ёдоварӣ аз дастгириҳои давлатӣ баҳри рушди соҳаи тиб ба масъулин ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои ободонӣ, шинонидани ниҳолҳои ороишӣ, ташкили майдончаҳо баҳри машғул шудан ба варзиш, фароҳамсозии шароити мусоид барои истироҳату фароғати табобатгирандагон дастур дод.

Ҳамзамон ба мақомоти дахлдор супориш дода шуд, ки лоиҳаи маҷмааи нави солимгардонӣ барои гирифторони бемориҳои дилу рагҳоро омода намуда, дар муҳлатҳои кутоҳтарин пешниҳод намоянд.

Сипас, Раҷаббой Аҳмадзода аз Маркази вилоятии солимгардонии бемориҳои шараёну дил боздид намуда, баҳри тақвияти корҳои ободонӣ дар ҳудуди муассиса ба масъулин супоришҳо дод. Марказ аз 5 бинои табобатӣ иборат  буда, дорои 70 кат мебошад ва дар он 67 нафар кормандон кору фаъолият мебаранд. Маркази вилоятии солимгардонии бемориҳои шараёну дил асосан беморони дил, фишорбаландӣ, баъди сактаи дил, гардиши хун ва ғайраро ба  солимгардонӣ фаро мегирад. Давоми 11 моҳи соли равон дар ин муассисаи тиббӣ 987 нафар маризон табобат гирифтаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 917
  • 1,242
  • 949,937