Мулоқоти муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ бо роҳбарони муассисаҳои тиббии пойтахт

Мулоқоти муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ бо роҳбарони муассисаҳои тиббии пойтахт
Декабр 04
15:30 2020

Дар ҳоле, ки мавҷи дуюми бемории COVID-19 дар аксар кишварҳои олам ба қайд гирифта шудааст, муассисаҳои тандурустии кишвар, махсусан, шаҳри Душанбе бояд дар ҳоли омодабош қарор дошта бошанд.

 Бемории каронавируси COVID-19 охири соли 2019 ва умуман дар соли 2020 ба инсоният мушкилоти зиёде эҷод намуда, ба вазъи соҳаҳои муҳими зиндагӣ, бахусус иқтисодиёту иҷтимоиёт, сиёсату фарҳанг ва ҳатто ба робитаи ногусастаи аҳли башар лакнат ворид сохт. Дар ин баробар, то ба ҳол доман паҳн намудани ин маризӣ миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ мавзӯи доғи рӯз дар курраи замин боқӣ мемонад. Ин дар ҳолест, ки имрӯз дар аксар кишварҳои сайёра мавҷи дуюми бемории COVID-19 ба қайд гирифта шудааст, ки ин ҳолат аз ҷомеаи башарӣ ҳушёрӣ ва риояи ҳатмии қоидаҳои санитарӣэпидемиологӣ ва бе шакку шубҳа қабули пешниҳодоти табибон дар самти ҳифзи саломатӣ аз олудашавӣ ба бемории мазкурро талаб менамояд.

Ин нуктаро 4 декабри соли равон Мавсума Муинӣ, муовини Раиси шаҳри Душанбе зимни баргузории ҷамъомади кормандони соҳаи тандурустии пойтахт, ки дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон ”Шифобахш” бо иштироки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода, роҳбарони муассисаҳои табобатию- профилактикии тандурустии ҳудуди шаҳри Душанбе бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19 баргузор гардид, баён дошт.

Маврид ба ёдоварист, ки чорабинии мазкур бо ибтикори бевоситаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти беҳдоштии сиҳатии аҳолӣ ва хизматрасонии тиббии саривақтӣ ва босифат баргузор гардид.

Дар рафти баргузории ҷамъомад зикр шуд, ки маҳз бо тадбирҳои саривақт андешидаи роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва корҳои таъҷилан анҷомдодаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID–19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба хуруҷи мавҷи дуюми бемории мазкур дар акҷоягӣ бо мақомоти дахлдор, хосатан Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бемории каронавируси нави COVID-19 дар қиёс бо дигар кишварҳо ба Тоҷикистон нисбатан хисороти ками ҷониву молӣ расонид.

Дар ин замина, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе чораҳои фаврӣ андешида шуда, дар муассисаҳои тандурустии пойтахт дар як муддати кӯтоҳ барои ташхису табобати ин беморӣ шароити созгор фароҳам оварда шуда, бо маводҳои доруворӣ ва таҷҳизоти тиббии зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд.

Дар чорабинӣ ҳамзамон зикр карда шуд, ки имрӯз дар аксар кишварҳои сайёра  паҳншавии мавҷи дуюми COVID-19 ба қайд гирифта шудааст, ки ин ҳолат ҳар як кишварро муваззаф мегардонад, ки соҳаи тандурустии хешро дар ҳолӣ омодабош қарор диҳад. Маҳз бо дарки ин ҳолат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ аз мавҷи дуюми бемории коронавируси нави COVID-19 чораандешиҳои заруриро ба роҳ мондааст ва яке аз ин тадбирҳо аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID–19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ намудани баргузории ҳамагуна чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, шабнишиниҳо ба муносибати Соли нави мелодии 2021 мебошад. Дар ин миён, аз масъулини соҳаи тандурустии мамлакат, аз ҷумла пойтахти кишвар даъват ба амал оварда шуд, ки дар самти пешригии ҳама гуна бемориҳо, хоса маризии каронавируси COVID-19 аз ин ҳам бештару пештар фаъолияти худро ба роҳ монанд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ дар баромади худ қайд намуд, ки мутаассифона аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки қисми зиёди сокинону меҳмонони пойтахт тавсияҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, қарорҳои  Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID–19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла муассисаҳои тандурустӣ, таълимӣ, бозору марказҳои савдо, нигоҳ доштани фосилаи муайяни иҷтимоиро дар пойтахт дар сатҳи зарурӣ иҷро накарда, ба саломатии худ ва наздиконашон бепарвоёна муносибат менамоянд, ки боиси паҳншавии сирояти коронавирус миёни аҳолӣ мегардад.

Аз ҷониби баромадкунандагон қайд гардид, ки дар навбати аввал кормандони соҳаи тандурустӣ дар иҷрои қарорҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID–19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе бояд ба дигарон намунаи ибрат буда, пайваста бо шаҳрвандон дар ин самт корҳои таблиғотиро ҷоннок намоянд.

Мавсума Муинӣ ҳамзамон дар баробари масъалаҳои болозикр, доир ба омода намудани муассисаҳои тандурустии пойтахт ба мавсими сармо, ҳифзи сиҳатии сокинон, пешгирии онҳо аз бемориҳои мавсимии сироятӣ, бахусус коронавируси нави COVID-19, пешгирӣ аз ҳолатҳои сӯхтор, захираи маводҳои озуқаворӣ ва доруворӣ дар муассисаҳои тандурустӣ ва иҷтимоӣ ва аз ҷониби кормандони соҳа саривақт ба аҳолӣ расонидани хизматрасониҳои тиббии босифат сухан карда, ҷиҳати саҳмгузории кормандони соҳа ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва сабзу хуррамгардонии пойтахти Ватани маҳбубамон – шаҳри Душанбе даъват ба амал овард.

Дар фарҷоми ҷамъаомад миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 973
  • 1,242
  • 949,993