Оғози фаъолияти Шабакаи миллии «Тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал»

Апрел 07
10:14 2017

Мусаллам аст, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз қисматҳои асосии сиёсати далатии кишвари мо эътироф шуда,  ислоҳоти  низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар кишвар  идома дорад. Он дар доираи якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  “дар бораи ветеранҳо”,  “Дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ”, “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон”, ” Дар бораи фармоиши иҷтимоии давлатӣ”, “Дар бораи стандартҳои иҷтимоии давлатӣ”, “Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ”, “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати нерўгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд”  ва  Консепсияи рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат  таъмин ва кафолати баробарҳуқуқист, яъне кафолати таъмини ҳуқуқи ҳар як шахси алоҳида  баробар ба ҳуқуқҳои дигарон ва фароҳам овардани шароити мусоиди ҳаётгузаронӣ  ба шахсони ниёзманд, махсусан шаҳрвандони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷонибдори рушди фарогир (инклюзивӣ) ва тақвияти тавонбахшии маъюбон аст.  Тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал барои кишвари мо падидаи нав буда, дар шакли озмоишӣ татбиқ гардида, самараи нек дода истодааст. Дар самти татбиқи он шарикони рушд – Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон, Каритаси Олмон, Миссияи Шарқ ва “Хазинаи кўдакон”-и Созмони Миллали Муттаҳид  дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ)  саҳми арзанда доранд.

Бо дастгирии онҳо вазорат тасмим гирифтааст, ки тавонбахшӣ дар сатҳи ҷомеаро тақвият бахшида, солимии маъюбонро таъмин намояд. Бо инкишофи имкониятҳои зеҳнию ҷисмониашон онҳоро ба ҳаёти рўзмарраи ҷомеа баргардонад.   Шууру фаҳмиши аҳли ҷомеаро  нисбати маъюбон тағйир диҳад. Ҳуқуқҳои маъюбонро барқарор намуда, зиндагии шоистаро барояшон фароҳам оварад.

Бо ин мақсад дар баробари хизматҳои иҷтимоие, ки аз ҷониби муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ба шахсони ниёзманд пешниҳод мегарданд, аз соли 2010  ин ҷониб дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ  лоиҳаи “Тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ гардида, натиҷаҳои хуб ба даст омадаанд.

Ташаббусҳои татбиқи барномаҳои “Тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал”  дар ҳамаи минтақаҳои кишвар идома ёфтанд. Илова бар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо кўмаки техникии шарикони байналмилали рушд ва дар ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳаллӣ низ дар расонидани хизматрасонӣ тавассути модели “Тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал”  барои шахсони дорои маъюбият дар саросари кишвар тадбирҳои заруриро амалӣ намуд.

Мавриди   зикр аст, ки соли 2015 намояндагони Тоҷикистон бори аввал дар Конференсияи байналмилалии кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, ки дар мавзўи “Тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал” дар Япония доир гардид, иштирок намуда, фаъолиятҳои дар Тоҷикистон вобаста ба татбиқи модели “Тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал” мавҷударо муаррифӣ намуданд. Боиси ифтихор аст, ки дар он конференсия  Тоҷикистон узви Шабакаи байналмилалии минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ва  намояндаи кишвари мо Зикрихудоев А., раиси Иттиҳодияи миллии маъюбони ҷумҳурӣ аъзои Кумитаи иҷроияи Шабакаи мазкур интихоб гардиданд.

Дар ин радиф, баҳри таъмини ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо дар самти тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал, мусоидат ба татбиқи барномаҳои қабулгардида, татбиқи таҷрибаи ҷаҳонии модели “Тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал”  Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ тасмим гирифт, ки Шабакаи ҷумҳуриявии “Тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал”-ро дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис диҳад. Вазорат ин иқдомро дастгирӣ намуд ва бо фармоиш аз 13 марти соли 2017, №167 “Дар бораи таъсиси Шабакаи миллии “Тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал”  ҷиҳати оғози фаъолияти Шабака имконият ба вуҷуд овард.

Шабакаи мазкур фаъолияти худро дар асоси вазифаҳои техникӣ ва Нақшаи корӣ барои соли 2017  ба роҳ хоҳад монд. Аъзоёни Шабакаро кормандони раёсатҳо ва шўъбаҳои дахлдори вазорат ва сохторҳои он, ташкилотҳои байналмиллалӣ ва ҷамъиятии маҳаллие, ки дар самти дастгирии шахсони имкониятҳояшон маҳдуд фаъолият менамоянд, ташкил медиҳанд.

Ҳамчунин, бо мақсади тақвият бахшидан ба рушди модели “Тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал”  тавассути фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  дар самти баргузории фармоиши иҷтимоии давлатӣ ба модели мазкур афзалият дода шуд. Ин амал имкон дод, ки кўдакони дорои маъюбият ҳар чи бештар дар сатҳи маҳал тавассути пешниҳоди хизматҳо аз ҷониби ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба тавонбахшӣ фаро гирифта шаванд.

Дар баробари ин, бо иқдоми вазорат ва дастгирии техникии шарикони рушд дар назди Шўъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи ноҳияи Рўдакӣ Бахши тавонбахшии кўдакони имконияташон маҳдуд таъсис ёфта, аз моҳи феврали соли 2016  ин ҷониб фаъолият менамояд. Ин амл имкон дод, ки мушкилоти оилаҳое, ки кўдаки имконияташ маҳдуд доранд ва дар ин ноҳия истиқомат мекунанд, тадриҷан ҳалли худро ёбад.

Шабака ҳамчун ҳамоҳангсози фаъолиятҳо дар самти тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал баҳри рушди ин ҷанбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар доираи салоҳиятҳои худ  дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахолдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шарикони рушд, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони воқеӣ тадбирҳои заруриро меандешад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 11
  • 918
  • 1,242
  • 949,938