Бегоҳии рӯзи 6 апрел 3 нафар шаҳрвандони шаҳри Душанбе дар хонаи яке аз дӯстонашон дар кӯчаи Маяковский 75/6, ҳуҷраи 61 дар натиҷаи истеъмоли консерваи дар шароити хона тайёркардашуда ҳангоми хӯроки шом худро бад ҳис карданд ва барои расонидани ёрии аввалияи тиббӣ муроҷиат намуданд.
Ба ҳамаи онҳо сари вақт ёрии таъҷилии тиббӣ расонида шуда, муайян карда шуд, ки ин нафарон аз истеъмоли консерваи дар шароити хона тайёркардашуда заҳролуд шудаанд ва ба онҳо таъҷилан зардобаи зидди бемории ботулизм гузаронида шуд.
Яке аз заҳролудшудагон Рузиева Лола соли таваллудаш 1992 дар ҳолати хеле вазнин, дар дами марг бо гирифторӣ ба комаи мағзи сар ба шуъбаи наҷоти Маҷмааи Истиклол ворид гардид ва бо кӯмаки табибони сироятшинос ва гурӯҳи наҷот аз ҳолати вазнин бароварда шуд. Ду нафари дигар, Тошпулотова Барно ва Бобоева Муслима аввал ба беморхонаи шаҳрии №3 ва пас аз расонидани кӯмаки фаврии тиббӣ ба беморхонаи клиникии бемориҳои сироятии шаҳрӣ интиқол дода шуданд. Гурӯҳи фарвӣ, ки шомили он табибони сироятшинос, шӯъбаи наҷот, мутахассисони Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино буданд, ба ин се нафар ёрии фаврӣ расониданд. Айни ҳол вазъи саломатии гирифторони ин беморӣ нисбатан беҳтар арзёбӣ карда мешавад.
Вазъи саломатии ду нафари дигар, Рӯзиева Рӯҳангез, соли таваллудаш 1997 ва Рӯзиев Сайёд, соли таваллудаш 2004, ки ҳангоми сар задани ин ҳодиса дар хона буданд, хуб буда, ба хотири корҳои пешгирикунанда субҳи имрӯз дар беморхонаи сироятии шаҳрӣ бистарӣ карда шуданд.
Ташхиси саривақтии сироятштносон муайян намуд, ки сабаби гирифторӣ ба ботулизм дар ин хонавода истеъмоли бодиринги консервонидашудаи дар шароити хона тайёркардашуда гардидааст.
Мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таъкид мекунанд, ки аз истеъмоли консерваи сабзавотии дар шароити хона тайёркардашудаи, ки рангашон тира шудааст ва ё шубҳаоваранд худдорӣ намоянд.