Духтур пайомади аз ҳама оммавии коронавирусро номбар кард

Духтур пайомади аз ҳама оммавии коронавирусро номбар кард
Декабр 07
13:56 2020

Аксари пайомадҳои сирояти коронавирус, пас аз сар гузаронидани он, ба тағирёбии фишори хун вобаста мебошанд. Дар ин бора духтури рус, иммунолог-аллерголог Владимир Болибок ба «Лента.ру» изҳор намудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

«Чизи аз ҳама оммавӣ аз нуқтаи назари ман — чизе, ки ман дар ҳама беморон мебинам — ин тамоюли баландшавии фишори хун бо сабаби коҳиш ёфтани қобилияти ёзандагии деворҳои рагҳо дар тамоми бадан аст», — иброз доштааст духтур.

Иллатдор шудани системаи рагҳои инсон бар асари беморӣ Болибокро ба ин хулоса овардааст.

«Васкулит — ин илтиҳоби пардаи дарунии рагҳои хунгузар аст», — шарҳ додааст духтур. — Пайомади ин васкулитҳо аз он иборат аст, ки дар атрофи  рагҳои хурд ҳуҷайраҳои илтиҳобёфта боқӣ мемонанд. Яъне, илтиҳоб ба охир расидааст, аммо ҳуҷайраҳо дар атрофи рагҳо ҳамоно боқӣ мемонанд. Ва бо мурури замон, ин ҳуҷайраҳо боиси нумӯи коллаген мешаванд — яъне қобилияти ёзандагии рагҳо нисбат ба давраи то беморӣ камтар мешавад».

Ин пайомад дарозмуддат ё кӯтоҳмуддат хоҳад буд, гуфтан душвор аст, изҳор намудааст духтур. Вай инчунин зикр кардааст, ки ҳанӯз пешгӯии ба кадом узви бемор часпидани коронавирус ғайриимкон аст.

«Ба тамоми бадан метавонад осеб бирасад. Ва бо ин чӣ бояд кард — ҳанӯз касе намедонад”,- хулоса кардааст ӯ.

Пештар биолог Анча Баранова шарҳ дода буд, ки гум шудани эҳсоси бӯй ҳангоми сироятёбӣ аз коронавирус метавонад безарар набошад, балки  далели вайрон шудани «саддест», ки майнаи сари инсонро аз садамаҳо муҳофизат мекунад ва бозгашти эҳсоси бӯй маънои онро дорад, ки “садд” барқарор шудааст.

АКС аз бойгонӣ

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 720
  • 1,242
  • 949,740