Дар доираи амалишавии Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасони тиббӣ” -и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ барои 315 марказҳои саломатии деҳот дар 10 ноҳияи таҷрибавии Лоиҳаи мазкур чанде қабл бо маблағи 288 225 сомонӣ таҷҳизоти тиббии ҳароратсанҷи фосилавӣ ва пулсоксиметр харидорӣ ва дастрас гардонида шуд.
Дастрасӣ ба ин таҷҳизот ба марказҳои саломатии навоҳии кишвар имкон медиҳад, ки табибон саривақт аз нишонаҳои бемории коронавируси нави COVID-19 огоҳ гардидаву барои расонидани ёрии аввалияи тиббӣ чораҳо андешанд.
Қобили зикр аст, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст.
Махсусан, бо мақсади табобат ва пешгирии ин беморӣ муассисаҳои тиббии кишвар бо мавод ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидаанд.