Имрӯзҳо бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорони ватанӣ ва шахсони хайрхоҳе, ки имконияти молӣ доранд таваҷҷӯҳи бештаре ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дода истодаанд. Чанде қабл ба беморхонаи рақами №1-и ноҳияи Қубодиён аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ як автомашинаи “Хундай-Старекст” тӯҳфа карда шуд. Гуфта мешавад ин иқдоми хайрхоҳона ва ватандустонаи соҳибкорон ба мақсади расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ ба аҳолии ҷамоати Тахти Сангин равона гардидааст.
Автомашинаи “Хундай-Старекст”-и тақдимгардида минбаъд ҳамчун мошини ёрии таъҷилӣ барои сари вақт расонидани кўмаки фаврӣ ба беморон имкон фароҳам оварда, ба сокинони ҷамоати мазкур хидмат хоҳад кард.