Аз 17 то 19 декабр сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни иншооти бунёдшаванда ва корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Данғара, Темурмалик ва Восеи вилояти Хатлон ҷараён мегирад.
Зимни сафар Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода нахуст аз раванди корҳои сохтмонии бинои нави 5-ошёнаи шуъбаи бемориҳои сироятӣ дар ҳудуди Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара боздид намуданд.
Қоҳир Расулзода ҷиҳати босифат ва мувофиқи талаботи меъморӣ бунёд кардани бинои шуъбаи мазкуро ба масъулин дастурҳои мушаххас дод.
Бино ба гуфти масъулин, фармоишгари ин иншоот Раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон буда, пудратчии он Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хизматрасонии сохтмони асосӣ» мебошад. Беморхона дар як баст метавонад то 500 беморро қабул намояд.
Ҳамзамон, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода корҳои сохтмониро дар Коллеҷи тиббии байниноҳиявии ҷамоати шаҳраки мазкур назорат карда, барои мувофиқ ба талаботи сохтмонӣ бунёд шудани он дастур дод. Бинои мазкур сеошёна буда, дорои 14 синфхона ва 6 озмоишгоҳ аст, ки барои 250 нафар пешбинӣ гардидааст.