Имрӯзҳо дар аксарияти ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ ҷаласаҳои ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолият дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли оянда баргузор шуда истодаанд. Дар ҳамин асно имрӯз, 25 декабр дар Корхонаи давлатии «Заводи протезию ортопедӣ»-и шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи роҳбарият ва коллективи меҳнатии корхона бо ҷалби шарикони рушд ва идораҳои ҳамкор баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ-сарпарасти соҳа Шодихон Ҷамшед, масъулини Раёсати ҳифзи иҷтимоии вазорат, роҳбарони як қатор сохторҳои таркибии вазорат низ иштирок намуданд.
Дар маҷлис ҳисоботи директори генералии корхона Каримзода Ш.Б. шунида шуда, ҳамзамон намонядагони шарикони рушд, аз ҷумла намояндаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон, роҳбари Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон ва сардори Маркази Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо баромад намуданд.
Сипас, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Шодихон Ҷамшед ҷаласаро ҷамъбаст намуда, фаъолияти КД «Заводи протезию ортопедӣ»-и шаҳри Душанбе ва филиалҳои онро дар давраи ҳисоботӣ нек арзёбӣ карда, аз ҷумла дар хусуси вазифаҳои стратегии завод ва рушди минбаъдаи истеҳсоли маҳсулоти ватании воситаҳои техникии тавонбахшӣ, оид ба беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба маъюбон изҳори ақида карданд.
Дар ҳошияи чорабинӣ аз тарафи роҳбарияти завод намоиши маҳсулоти истеҳсолнамуда ва навъҳои воситаҳои техникии тавонбахшӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.
Тавре ки аз гузориши директори генералии завод бармеояд, бо мақсади таъмин намудани маъюбон бо маҳсулоти протезию ортопедӣ, ортезҳо, пойафзолҳои ортопедӣ, пойафзолҳои махсуси ортопедӣ, камарбанд, асо, асобағал, асо то оринҷ, аробачаи маъюбӣ ва ғайраҳо Корхонаи давлатии “Заводи протезию ортопедӣ”-и шаҳри Душанбе бо филиалҳояш дар шаҳрҳои Кӯлоб, Хоруғ ва Хуҷанд корҳои муайяне анҷом дода, иҷрои нақшаи истеҳсолии корхона дар якҷоягӣ бо филиалҳояш дар ҳаҷми 105 фоиз иҷро гашта, ба маблағи 4433412 сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст.
Ҳамин тариқ, дар давраи ҳисоботӣ 719 адад аробачаи маъюбӣ, 1183 адад асо, 243 адад асо барои нобиноён, 542 ҷуфт асобағал, 201 адад асо то оринҷ, 235 дона дастгоҳи шунавоӣ, 6 адад курсӣ барои ҳаммом, 6 адад курсӣ барои ҳоҷатхона, 10 адад пурбин ва 183 адад роҳгардак (ходунок) ба маъюбон дастрас гардонида шудаанд.