Натиҷагирӣ аз «Нақшаи стратегии миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил барои солҳои 2015-2020»

Натиҷагирӣ аз «Нақшаи стратегии миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил барои солҳои 2015-2020»
Декабр 26
16:16 2020

26 декабри соли равон дар маҷлисгоҳи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ доир ба баррасии иҷроиши  «Нақшаи стратегии миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил барои солҳои 2015-2020»  ва пешниҳоди ҳадафҳои «Барномаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода, директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” Аслиддин Раҷабзода,  роҳбарони марказҳои ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” фаъолияти худро зери роҳнамоии Хукумати Тоҷикистон ва тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба роҳ монда, бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати  кишвар, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дар ҳамкорӣ бо шарикон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар роҳи расидан ба ҳадафҳои ниҳоии стратегӣ- нест кардани сил аз ҷомеа  чораҳои зарурӣ амалӣ намуда истодааст.

Иттилоъ дода шуд, ки сохтори зиддисилии кишвар  аз 66 марказҳои зиддисилии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, 4 марказҳои вилоятӣ ва 1 Маркази ҷумҳуриявӣ, 1 Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина, инчунин 4 беморхонаи зиддисилии вилоятӣ, 1 беморхонаи байниноҳиявӣ дар н. Восеъ, 1 беморхонаи кумаки таскинӣ ва 24 шуъбаҳои зиддисилӣ дар назди марказҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ иборат мебошад, ки онҳо ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.

Ҳамин тавр, дар ҷаласа доир ба  иҷроиши«Нақшаи стратегии миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил барои солҳои 2015-2020» як қатор иштирокчиён баромад намуданд. Зикр гардид, ки иҷрои Нақшаи мазкур тавонист дар пешгирӣ ва табобати бемории сил дар кишвар саҳми намоёни хешро  гузорад.

Ҷиҳати бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои мавҷуда ва боз ҳам пурзӯр намудани фаъолият дар самти пешгирӣ ва табобати бемории сил  аз ҷониби муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар  Самариддин Ализода ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 1,075
  • 1,242
  • 950,095