Натиҷагирӣ аз сафари миссияи Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон

Натиҷагирӣ аз сафари миссияи Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
Ноябр 03
13:03 2021

Имрӯз, 3 ноябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо миссияи Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимли мулоқот намуд, ки дар он муовинони вазир, намояндагони Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки ҷиҳати дастгирии чорабиниҳо дар самти тандурустӣ, ғизо ва некуаҳволӣ миссияи Бонки ҷаҳонӣ аз ҳафтаи дуюми моҳи октябри соли равон дар Тоҷикистон қарор дорад.

Бинобар ин, дар вохурии мазкур аз сафари миссияи мазкур ба Тоҷикистон ва боздиди онҳо аз як қатор муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои таҷрибавӣ натиҷагирӣ карда шуда, инчунин, нақшаҳо барои ҳамкориҳои минбаъда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар ин давра намояндагони миссия як қатор вохӯриҳо ва чорабиниҳоро бо иштироки роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдори кишвар баргузор намуданд, ки имконияти фароҳам намудани ҳамкориҳои байниидоравиро тақозо менамояд.

Аз ҷумла тибқи ҷадвали мувофиқашудаи вохӯриҳои миссияи Бонки ҷаҳонӣ оид ба дастгирии татбиқи Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» аъзоёни миссия аз 13 то 16 октябри соли 2021 ба ноҳияҳои таҷрибавии вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар доираи барномаи сафари корӣ миссияи Бонки ҷаҳонӣ як қатор вохӯриҳо оид ба дастгирии татбиқи Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» гузаронида, инчунин, дар чорчӯбаи барномаи кории зикргардида аз ҷониби аъзоёни миссия ва кормандони Гурӯҳи ҳамоҳангсозии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии  тиббӣ» ба ноҳияҳои Зафаробод, Спитамен ва Ҷаббор Расулови вилояти Суғд сафар намуда, бо роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин ноҳияҳо ва вилоят низ вохӯриҳои расмӣ доир намуданд.

Ҳамзамон, дар раванди вохуриҳо аъзоёни миссия дар якҷоягӣ бо намояндаҳои мақомотҳои молия ва Раёсати тандурустии вилояти Суғд, масъалаҳои ҳамбасткунии маблағгузории сарикасӣ бо мақсади таъмини устувории маблағгузорӣ дар асосӣ натиҷаҳои фаъолияти кормандони тиб, ки дар доираи лоиҳаи мазкур ба инобат гирифта шудааст,  мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар доираи сафари хеш ҳамзамон миссияи Бонки ҷаҳонӣ аз муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои таҷрибавии  дигар шаҳру навоҳии кишвар низ дидан намуда, бо фаъолияти онҳо шинос шуданд.

Мулоқот дар фазои якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гардида, ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судманд иброз намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 78
  • 989
  • 887,432