Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нигаҳдории тандурустии виляти Суғд бо маблағгузорӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо сохтмон, таъмир ва азнавсозии 459 иншооти соҳа ба нақша гирифта шудааст.
Дар соли 2020 бояд 123 иншооти тандурустӣ, аз ҷумла 15 беморхона, 39 бунгоҳи саломатӣ, 20 маркази саломатӣ, 5 таваллудхона, 13 нуқтаи хатна ва 31 дорухона сохта ва азнавсозӣ карда шавад. Дар 11 моҳи соли равон сохтмон ва таъмиру азнавсозии 92 иншоот, аз ҷумла 7 беморхона, 20 бунгоҳи саломатӣ, 24 маркази саломатӣ, 4 таваллудхона, 10 нуқтаи хатнаи кўдакон ва 27 дорухона ба итмом расонида шуда, дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ ҷараён дорад.
Мавриди зикр аст, ки дар вилоят 936 муассисаи тандурустии давлатӣ, аз ҷумла 132 муассисаи сохтори госпиталӣ, 649 муассисаи сохтори КАТС, 155 муассисаи махсусгардонидашуда ва 253 муассисаи тиббии хусусӣ фаъолият дошта, дар таъмини саломатии аҳолӣ нақши шоиста доранд.