Туҳфаҳои Пешвои миллат ба хонандагони имконияташон маҳдуди шаҳри Ҳисор тақдим гардиданд

Туҳфаҳои Пешвои миллат ба хонандагони имконияташон маҳдуди шаҳри Ҳисор тақдим гардиданд
Декабр 30
16:51 2020

Дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии бачагонаи нобиноён ва сустбини шаҳри Ҳисор ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ  ҷамъомади идона доир гардид, ки зимни он масъулин туҳфаҳои солинавии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба тарбиятгирандагони ин таълимгоҳ тақдим намуданд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, барои  табрики тарбиятгирандагони ин муассиса  Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, намояндагони масъули  Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат, Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Муҳамадюсуф Имомзода, Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода, Раиси хадамоти назорат ва танзими нақлиёт дар назди Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ Шералӣ Ганҷалзода омада буданд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода ба саъми тарбиягирандагони муассиса салому пайғом ва муҳаббату таманниёти Пешвои муаззами миллатро ба ифтихори Соли нави мелодӣ расонида,  иброз дошт, ки  «Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуморо фарзанди маънавии худ шуморида,  ниҳоят дӯстатон медоранд, пайваста дар пайи ғамхориятон  ҳастанд ва раисони шаҳру навоҳии кишварро доимо таъкид мекунанд, ки аз  рузгоратон  бохабар бошанд».

«Ҳар боре, ки Пешвои муаззами миллат ба вилоят ва шаҳру навоҳии мамлакат сафар мекунанд аз аҳволи  Шумо бохабар мешаванд ва дар ҳар иду айём, бахусус дар арафаи ҷашнҳои Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ, Наврӯзи байналмилалӣ, Соли нави мелодӣ шуморо бо ғамхорӣ фаро мегиранд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки шумо аз сухану кумакҳои Роҳбари давлат рӯҳбаланд гардида, руҳу илҳом мегиред, хубу аъло хонда фарзандони содиқи ҳамин миллату  давлат мегардед»,-афзуд номбурда.

Ҷамъомади тантанавиро  шеъру таронаҳои бачаҳои имконияташон маҳдуди мактаб-интернат дар васфи Ваҳдату Пешвои миллат, Ватану Истиқлолият шукӯҳи дигар бахшид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 917
  • 1,242
  • 949,937