Муассисаҳои СММ ба тақсим ва интиқоли ваксинаи COVID-19 шурӯъ мекунанд. Тоҷикистон низ дар ин рӯйхат ҳаст

Муассисаҳои СММ ба тақсим ва интиқоли ваксинаи COVID-19 шурӯъ мекунанд. Тоҷикистон низ дар ин рӯйхат ҳаст
Январ 23
13:50 2021

Дирӯз, 22 январ, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) эълон кард, ки барои хариди 40 миллион вояи ваксинаи PFizer-BioNTech’s   шартнома имзо кардааст. Инчунин дар бораи интиқоли маҳсулоти AstraZeneca/Oxford созиш ба даст омадааст. Ин имкон медиҳад, ки дар доираи механизми COVAX то охири сол дар саросари ҷаҳон ду миллиард ваксина, аз ҷумла 1,3 миллиард ба кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ камдаромад тақсим карда шавад. Директори генералии СУТ Тедрос Гребесесус дирӯз дар брифинг дар Женева дар ин бора изҳор дошт, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Хадамоти ахбори СММ.

Ёдовар мешавем, ки механизми COVAX — ин ташаббуси беназир барои истеҳсол ва хариди мутамаркази ваксинаҳо бар зидди COVID-19 мебошад. Тибқи он, ҳукуматҳо ва истеҳсолкунандагон якҷоя кор бурда, ҳам ба кишварҳои сарватманд ва ҳам ба кишварҳои аз лиҳози иқтисоди камдаромад ваксина тақсим карда мешавад.

Имрӯз маълум шуд, ки 150 миллион дозаи дигари ваксинаи таҷрибавии AstraZeneca/Oxford дар семоҳаи аввали соли равон дастрас хоҳад шуд. Бояд гуфт, ки СУТ айни замон барои тасдиқи ин дору барои истифода кор бурда истодааст.

Бояд гуфт, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон низ дар доираи ташаббуси COVAX барои 2 миллион воя ваксина аз коронавирус дархост пешниҳод кардааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 1,140
  • 1,242
  • 950,160