Ҷамолиддин Абдуллозода аз рафти корҳои таъмирии шӯъбаҳои сироятӣ ва хизматрасонии тиббии як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои кишвар дидан намуд

Ҷамолиддин Абдуллозода аз рафти корҳои таъмирии шӯъбаҳои сироятӣ ва хизматрасонии тиббии як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои кишвар дидан намуд
Феврал 24
11:39 2021

Ҷиҳати аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо  ҷараёни корҳои сохтмонӣ,  таъмири шӯъбаҳои сироятӣ ва рафти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар сафар намуд.

Аз ҷумла 20 феврали соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба вилояти Хатлон сафар намуда, бо фаъолияти беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Фархор ва  Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ шинос гардид.

Аснои боздид аз рафти фаъолияти беморхонаҳои марказии ноҳияҳои мазкур номбурда бо як қатор беморон ва наздикони онҳо низ гуфтугӯи озод анҷом дода, доир ба рафти хизматрасонии тиббӣ аз онҳо пурсон шуд.

Ҳамзамон, Ҷамолиддин Абдуллозода дар ноҳияи Фархор аз рафти корҳои сохтмонии шӯъбаи сироятии беморхонаи марказии ноҳияи мазкур ва сохтмони Маркази саломатӣ  дидан намуда, ҷиҳати дар сатҳи баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Инчунин, дирӯз, 23 феврали соли равон  вазири тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба ноҳияи Рӯдакӣ сафар намуда, бо рафти хизматрасониии тиббӣ ва ҷараёни корҳои таъмирии шӯъбаи сироятии беморхонаи мазкур шинос шуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, айни замон корҳои таъмирӣ дар шӯъбаи сироятии беморхонаи мазкур бомаром идома дорад.

Ҳамзамон, имрӯз, 24 феврал вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат аз рафти хизматрасонии тиббии Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат ва рафти корҳои таъмирии шӯъбаи сироятии он дидан намуда, бо роҳбарият ва кормандони беморхонаи мазкур мулоқот анҷом дод.

Маврид ба зикр аст, ки зимни боздид аз беморхонаҳои мазкур вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода бо роҳбарият ва кормандони муассисаҳои тандурустии мазкур масъалаҳои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, вусъат бахшидани ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ, риояи одоби муоширати табибон бо беморон, саривақт расидагӣ намудан ба муроҷиати шаҳрвандон ва дигар масъалаҳоро  таҳлил ва баррасӣ  намуда, ҷиҳати бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта ба масъалин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 589
  • 989
  • 887,943