Ифтитоҳи бинои иловагии Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан

Ифтитоҳи бинои иловагии Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан
Январ 25
15:23 2021

Имрӯз, 25 январи соли  равон  иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ба Беморхонаи марказии шаҳр ташриф оварда, бинои иловагии Коллеҷи тиббии шаҳрро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои иловагии мазкур аз 2 ошёна иборат буда, дорои 11 синфхонаи барҳаво ва хонаи омӯзгорон мебошад, ки барои 176 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст. Бинои нави таълимӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки корҳои сохтмонии бинои мазкур моҳи сентябри соли 2020 оғоз ёфта, моҳи январи соли 2021 ба итмом расонида шуд. Дар бинои навбунёд хонандагон метавонанд  барномаҳои таълимиро бо истифодаи васеъ ва имкониятҳои мавҷуда аз худ намоянд.

Зимни шиносоӣ аз шароитҳои фароҳамшуда иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр бо хонандагону омӯзгорон суҳбати самимӣ анҷом дода, ифтитоҳи бинои иловагиро таҳният намуд ва аз онҳо даъват ба амал овард, ки чунин шароитро барои донишомӯзӣ босамар истифода баранд.

Бояд ёдовар шуд, ки айни замон дар шаҳри Истаравшан ҷараёни бунёду навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои  тандурустӣ ва таълимӣ рӯз то рӯз вусъати тоза касб намуда истодааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 998
  • 1,242
  • 950,018