Фаъолияти телефонҳои боварии марказҳои саломатӣ баррасӣ гардид

Фаъолияти телефонҳои боварии марказҳои саломатӣ баррасӣ гардид
Май 14
09:51 2020

Имрӯз, 14 майи соли равон таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед бо иштироки кормандони як қатор марказҳои ҷумҳуриявӣ ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаи фаъолияти телефонҳои боварии марказҳои саломатии пойтахт  ва бо мутахассисони баландихтисос таъмин намудани онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зикр гардид, ки ҳадаф аз таъсис додани телефонҳои боварӣ дар назди марказҳои саломатии пойтахт  саривақт расидагӣ намудан ба муроҷиати шаҳрвандон ва ҳамзамон фавран расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба беморон мебошад.

Ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки бояд масъули телефонҳои боварии марказҳои саломатӣ мутахассисоне таъйин карда шаванд, ки тавонанд ба муроҷитакунандагон тавсияҳои дуруст ва дақиқ пешниҳод намоянд.

Маврид ба ёдоварист, ки бо мақсади саривақт  расонидани ёрии аввалияи тиббӣ дар назди марказҳои саломатии шаҳри Душанбе  телефонҳои боварӣ ба тариқи шабонарӯзӣ фаъолият доранд.

Шаҳрвандон метавонанд дар ҳолати пайдо шудани нишонаҳои сирояти коронавирус дар хеш ба табибони оилавии минтақаи хеш ва ё ба телефонҳои боварии маркази саломатии маҳалли худ занг бизананд.

Ҳамзамон, айни ҳол дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои коронавирус телефонҳои боварии 511 ва 311 фаъолияти шабонарӯзӣ доранд, ки шаҳрвандон метавонанд оид ба масъалаи мазкур ба онҳо муроҷиат намоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 853
  • 989
  • 887,218