Корвони саломатӣ ба Кӯлоб меравад

Май 12
09:53 2017

Рӯзи 13 апрели соли равон Корвони саломатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кулоб ба мардуми маҳаллӣ ва ноҳияҳои гирду атроф хизмати ройгони тиббӣ хоҳад расонд. Дар ҳайати Корвони саломатӣ беш аз 65 нафар мутахасисони баландпояи  соҳаи тибб, устодони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, сармутахассисони соҳа, устодони Донишгоҳи баъдидипломии кормандони тиби Тоҷикистон, директорону мутахассисони муассисаҳои ҷумҳуриявӣ  ба мардуми маҳаллӣ хизмат мерасонанд. Дар баробари маслиҳату машварат ҳамчунин аҳолӣ аз ташхиси ройгони тиббӣ гузаронида мешаванд. Бо ин мақсад  мошинҳои  сайёри флюрографӣ, ташхиси ҷузъҳои хун, ташхиси ВНМО, ташхиси бемориҳои сироятӣ сафарбар карда шудаанд. Ҳамчунин мутахассисони  муассисаҳои марказӣ дастгоҳҳои ташхиси ултрасадо, сабти барқии кори дил, ташхиси гастроскопӣ, офталмологӣ,  гӯшу гулӯ ва бинӣ ва дигар асбобҳои заруриро ба худ доранд. Чорабиниҳои асосӣ дар Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Ҳақназаров ва Маркази саломатии рақами 2 шаҳри Кулоб баргузор мегарданд.

Дар ин руз дар шаҳри Кулоб тамоми ташхису маслиҳатдиҳӣ тарики ройгон сурат хоҳад гирифт.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 1,041
  • 1,242
  • 950,061