Дар Хуҷанд Маркази микроҷарроҳии лазерии чашми беназир дар Тоҷикистон ифтитоҳ гардид

Дар Хуҷанд Маркази микроҷарроҳии лазерии чашми беназир дар Тоҷикистон ифтитоҳ гардид
Феврал 04
14:30 2021

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода Маркази микроҷарроҳии лазерии чашми «Босира» ифтитоҳ гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Маркази микроҷарроҳии лазерии чашми «Босира» бо иқдоми ватандўстонаи соҳибкори маҳаллӣ Саидҷаъфар Холматов бо харҷи беш аз 400 000 доллари амрикорӣ бо харидории беш аз 20 таҷҳизоти муосири тиббӣ ташкил карда шудааст.

Маркази мазкур дорои якчанд утоқи хизматрасонӣ, аз ҷумла ду ҳуҷраи амалиёт ва ташхисгоҳи муосир мебошад. Бо баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин марказ 15 нафар шаҳрвандон, ки аксарият ҷавонон мебошанд, бо ҷойи кори доимӣ ва маоши баланд таъмин карда шуданд. Технологияи муосири марказ асосан аз кишварҳои Аврупо ворид гардида, табибони соҳаи ҷарроҳии чашм таҷрибаи истифодаи онро дар хориҷа омўхтаанд.

Таъкид шуд, ки бархе таҷҳизоти воридшуда, назираш дар Тоҷикистон ва минтақа нест.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иқдоми шоёни соҳибкори маҳаллӣ Саидҷаъфар Холматовро намунаи олӣ барои пайравӣ барои дигар соҳибкорон унвон намуда, таъкид дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раҳнамоиҳои  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди идома бахшидани ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ба масъалаҳои беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аҳамияти хосса медиҳад.  Раванди афзоиши беморхонаҳои хусусӣ, воридсозии техникаю таҷҳизоти навтарини соҳа, аз қабили компютерҳои томографӣ ва магнитию резонансӣ, лазерҳои гуногунҷабҳа, таҷҳизоти муосири озмоишгоҳӣ ва болоравии сифати корҳои ташхису табобат дар онҳо низ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ шаҳодат медиҳад.

 

АКСҲО аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 973
  • 1,242
  • 949,993