Феврал 22
14:27
2021
Бахшида ба 28-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон миёни панҷ дастаи муҳассилини Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ мусобиқаи волейбол баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур донишҷӯёни курси 2 ҷойи аввал ва Ҷоми раёсатро соҳиб шуда, муҳассилини курсҳои 3 ва 1 зинаҳои дуюму сеюмро ишғол намуданд. Ғолибон бо ифтихорномаҳои раёсат қадрдонӣ гардиданд.
Дар ин бора аз Федератсияи волейболи Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Мусобиқаи варзишӣ бо мақсади ҷалби бештари ҷавонон ба варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ба ин васила баланд бардоштани ҳисси худшиносию ватандӯстӣ доир гардид.