Ҷаласаи умумии Шарҳи якҷояи соли даҳуми татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020” (Саммит-10) баргузор гардид (АКС)

Ҷаласаи умумии Шарҳи якҷояи соли даҳуми татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2010-2020” (Саммит-10) баргузор гардид (АКС)
Феврал 26
14:50 2021

Имрӯз, 26 феврали соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи умумии Шарҳи якҷояи соли даҳуми татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2010-2020” (Саммит-10) баргузор гардид, ки дар он Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода, сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулбаҳор Ашурзода, сардори Шуъбаи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Виктор Олчавски, роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ян Питер Олтерс, роҳбари намояндагии доимии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсатҳо, роҳбарони хадамотҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таълимию тандурустӣ иштирок намуданд.

 Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои ҳифзи солимӣ ва иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи амалҳои ноилшавӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа зоҳир гардида, дар тамоми  паёмҳои Сарвари давлат вобаста ба беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ тавассути татбиқи усулҳои муосири ташхису табобат, тарғибу ташвиқоти тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои сироятиву ғайрисироятӣ супоришҳои мушаххас дода мешаванд.

Ҳамзамон, номбурда иброз дошт, ки дар ҷаласаҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҳамкорон оид ба рушд вобаста ба татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» аз ҷониби роҳбарияти вазорат таваҷҷӯҳ ба танзими заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа, рушди хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ зоҳир гардида, он барои вусъат додани фаъолияти вазорат бо шарикони боэътимоди худ маҳз дар фазои ҳассоси имрӯза дар самтҳои гуногуни ҳифзи солимии кишварамон заминаи хуб фароҳам меоварад.

Қайд гардид, ки то имрӯз  дар кишвар 4 конгрессу форумҳои сатҳи баланд, 7 ҷаласаҳои шӯроҳои миллии ҳамоҳангсозӣ, 9 конференсияҳои ҷумҳуриявӣ бо иштироки намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ баргузор гардида, дар онҳо масъалаҳои мубрами имрӯзаи соҳаи тандурустӣ муҳокима ва баррасӣ карда шуданд. Гуфта шуд, ки давоми соли 2020 танҳо дар масъалаи татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» ва таҳияи ҳуҷҷати нави «Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» зиёда аз 20 вохӯриҳо, 27 миссияҳои баҳодиҳӣ ва зиёда аз 25 ҷаласаҳои гурӯҳҳои кории техникии байниидоравию соҳавӣ гузаронида шуда, инчунин, якчанд сафарҳои корӣ анҷом дода шуданд.

“Баргузории ин чорабиниҳо аз сиёсати сулҳофарини Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рукнҳои нодири фарҳангдӯстӣ, хирадпарварӣ ва ваҳдатгароӣ, инчунин, азму иродаи матини халқи тоҷик ва пуштибонии ҳамаи мардум аз сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ дарак дода, чораҳои андешидашаванда дар ҳаллу фасли мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳаи тандурустӣ ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мусоидат хоҳанд кард”,-иброз намуд вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода.

Дар идомаи суханронии хеш ҳамзамон номбурда иброз дошт, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки оид ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисос, беҳтар намудани сифати дорувориҳо ва рушди саноати дорусозӣ аз гиёҳҳои ватанӣ, таъмир ва бунёди муассисаҳои тиббии нав, инчунин, таъминоти онҳо бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, хусусан пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ таъкид намуда буданд, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои ташхисию табобатии тамоми манотиқи кишвар мунтазам санҷишҳо ва корҳои дастурӣ оид ба беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, алалхусус ба гурӯҳҳои осебпазир, аз ҷумла кӯдакон ва маъюбон гузаронида мешаванд.

Қайд гардид, ки яке аз дастоварди муҳими соҳа дар самти таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ин қабули Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Айни замон дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар зиёда аз 25 қонунҳо ва зиёда аз 25 ҳуҷҷатҳои муҳими соҳавию байнисоҳавӣ, аз ҷумла барномаҳои миллӣ, стратегияҳо ва консепсияҳо вобаста ба ислоҳоти самтҳои мухталиф ва афзалиятноки соҳа татбиқ шуда истодаанд ва раванди татбиқи ин ҳуҷҷатҳои муҳим дар алоқамандӣ бо стратегияи нав барои давраи то соли 2030 дар чорабиниҳои минбаъда низ мавриди муҳокима қарор дода мешаванд.

Бояд гуфт, ки агар дар солҳои 1990-2000 ҳамаи кӯшишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барқарорсозӣ ва ислоҳоти хизматрасонии тиббӣ равона гардида шуда бошад, давоми даҳ соли охир бештар ба беҳтаргардонии сатҳ ва сифати хизматрасонӣ ба беморон, аз он ҷумла бо назардошти дастовардҳои илми муосир ва технологияи ҳозиразамон ба роҳ мондани усулҳои нави пешгирӣ, ташхис ва табобат аҳамияти ҷиддӣ дода шуда истодааст.

Новобаста аз дастовард ва чораҳои андешидашуда дар самти ташхису табобати бемориҳои сироятӣ, ҳанӯз ҳам дар соҳа мушкилот ҷой дошта, ин масъала мавриди нигаронии тамоми табақаҳои ҷомеа ва сохторҳои давлатӣ боқӣ мемонад.  Тасдиқи ин гуфтаҳо рӯ ба рӯ шудан бо пандемияи бемории коронавируси нави COVID-19 ба шумор меравад, ки на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки ҷомеаи ҷаҳониро низ ба ташвиш овард. Маҳз бо ҳамин сабаб аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯриҳо ва маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин бемории сироятӣ диққати махсус зоҳир гардида, чораҳои зиддиэпидемикии саривақтӣ анҷом дода шуданд.

Хушбахтона, бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирии молиявии шарикони байналмилалӣ ва фаъолияти шабонарӯзии кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  айни ҳол вазъи бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идорашаванда буда, аз 10 январи соли 2021 то ҳол дар кишвар ягон ҳодисаи нави гирифторшавӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳамзамон, дар ҷаласа бо сухани ифтитоҳӣ Гулбаҳор Ашурзода, сардори Шуъбаи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода, сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ян Питер Олтерс, роҳбари намояндагии доимии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Виктор Олчавски, роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  баромад намуданд.

Дар идомаи ҷаласа доир ба “Дастовардҳо ва мушкилоти самти  хизматрасониҳои тиббӣ дар доираи татбиқи “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020” Шайдулло Шарипов, сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ва  технологияҳои муосир, “Рушди Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ аз рӯи принсипҳои тибби оилавӣ дар доираи татбиқи “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2020”  Илҳом Бандаев, сардори Раёсати ислоҳот, кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалӣ, “Беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ ба модарон ва кӯдакон дар доираи татбиқи “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2020” Зоир Набиев, сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оила, “Рушди нерӯи кадрии соҳаи тандурустӣ дар доираи татбиқи “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2020” Саломиддин Юсуфӣ, сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илм, “Таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ дар доираи татбиқи “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020” Навруз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва кӯмаки фаврии тиббӣ, “Дар бораи рушди фаъолияти фарматсевтӣ дар доираи татбиқи “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2020” Абдулазиз Салимов, сардори Раёсати фарматсия  ва молҳои тиббӣ, “Дар бораи татбиқи самтҳои афзалиятноки маблағгузории соҳаи тандурустӣ дар доираи “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2020” Сайдалӣ Ҳафизов, муовини сардори Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети  соҳаи тандурустӣ, “Оид ба рафти иҷрои “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020” Қудратулло Ғурбонов, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,  “Дар бораи рафти таҳия ва баррасии лоиҳаи Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030” Илҳом Бандаев, сардори Раёсати ислоҳот, кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.

 

Дар доираи ҷаласаи умумии Шарҳи якҷояи соли даҳуми татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2010-2020” (Саммит-10) бо ҳузури муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, Шодихон Ҷамшед, Самариддин Ализода, роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Виктор Олчавски, сардорони як қатор раёсатҳо ва  намояндагони ВАО нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Зимни нишасти матбуотӣ намояндагони ВАО атрофи самтҳои гуногуни «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» ба масъулин саволҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Дар анҷом резолютсияи ҷаласаи умумии Шарҳи якҷояи соли даҳуми татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2010-2020” (Саммит-10) қабул гардид.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 982
  • 1,242
  • 950,002